Донишҷӯёни тоҷикро ба Русия роҳ медиҳанд?

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Сафорати Русия дар Тоҷикистон расман дар саҳифаи худ дар Facebook қоидаву тартиботро дар мавриди парвозҳо пас аз барқарор шудани алоқаи ҳавоии доимӣ байни кишварҳо шарҳ дод. Намояндагии дипломатии ин кишвар зикр мекунад, ки акнун ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба Русия сафар кунанд.

Сафорат ба саволҳое, ки бештар аз ҷониби шаҳрвандон дар ин маврид дода мешаванд, муфассал посух дод.

Алоқаи ҳавоии доимӣ байни Русия ва Тоҷикистон чӣ гуна ва кай барқарор мешавад?

Тибқи қарордод байни мақомоти дахлдори Русия ва Тоҷикистон, парвозҳои доимӣ байни Маскав ва Душанбе ҳафтае ду маротиба: рӯзҳои ҷумъа аз 2 апрел (ширкати “ЮТэйр”) ва рӯзҳои сешанбе аз 6 апрел (ширкати “Сомон Эйр”) анҷом дода мешаванд.

Минбаъд шумори хатсайрҳо метавонад зиёд шавад.

Киҳо бо хатсайрҳои доимӣ ба Русия рафта метавонанд?

Ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин дигар шахсоне, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи иқомати доимиро дар Тоҷикистон доранд, метавонанд бо ин хатсайрҳо ба Русия раванд.

Аз ин хатсайрҳо инчунин шаҳрвандони Русия низ истифода карда метавонанд.

Барои парвоз аз Душанбе ба Маскав кадом ҳуҷҷатҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон зарур аст?

Шаҳрвандони Тоҷикистон бояд нусхаи аслии хулосаи муассисаи тиббиро бо забони русӣ дар бораи сироят надоштан аз коронавирус (тибқи натиҷаҳои тести ПЦР) пешниҳод кунанд, ки на дертар аз се рӯзи то замони ба Маскав расидан дода шудааст.

Донишҷӯён ҳам бо хатсайрҳои доимӣ ба Русия рафта метавонанд?

Бале, метавонанд. Дар ҳамин ҳол, Вазорати маориф ва илми Русия тартиби махсуси вуруди донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла донишҷӯёни Тоҷикистонро ба Русия ҷорӣ кардааст.

Донишҷӯёни тоҷик на дертар аз 10 рӯз бо почтаи электронӣ бояд муассисаи таълимиро аз санаи вуруд ба Русия огаҳ созанд. Пас аз ирсоли нома онҳо дар бораи тартиби вуруд маълумоти муфассал мегиранд.

Ба ҷуз гузаштан аз тест на дертар аз 3 рӯз то замини расидан ба Русия, донишҷӯёни тоҷик дар муддати 72 соати пас аз вуруд ба қаламрави Русия бояд боз ПЦР-тести иловагӣ супоранд.

То гирифтани натиҷаҳои ин тест донишҷӯён бояд дар макони иқомат реҷаи гӯшанишиниро риоя намоянд. Дар давраи гӯшанишинӣ таълим дар шакли фосилавӣ мегузарад. Шахсоне, ки аз тести такрорӣ намегузаранд, ба таҳсили рӯзона роҳ  дода намешаванд.

Зимни пайдо шудани саволҳои иловагӣ ба Маркази вазъиятии Вазорати маориф ва илми Русия бо телефони +7 (495) 198-00-00 ё бо почтаи электронии [email protected] муроҷиат кардан зарур аст.

Чаро барои донишҷӯён тартиботи ҷудогона ҷорӣ шудааст?

Ин ба талаботи иловагӣ оид ба ташкили ҷараёни таълим дар мактабҳои олии Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ бо назардошти талаботи бехатарии санитарӣ-эпидемиологӣ вобаста аст.

Нархи билет ба хатсайрҳои доимӣ чӣ қадар аст ва чӣ гуна онҳо фурӯхта мешаванд?

Арзиши билетҳоро ширкатҳои ҳавопаймоӣ мустақилона бо назардошти мавқеи идораҳои авиатсионии ҳар ду кишвар муайян мекунанд. Билетҳо озодона ба фурӯш бароварда мешаванд.

Барои дарёфти маълуомти иловагӣ дар ин хусус бевосита муроҷиат кардан ба ширкатҳои ҳавопаймоии зикршуда тавсия дода мешавад.

Парвозҳои чартерии ширкатҳои «Уральские авиалинии», «ЮТэйр», S7-и Русия аз Тоҷикистон ба Русия иҷро мешаванд?

Анҷоми парвозҳои чартерии ширкатҳои Русия идома меёбад. Дар ҳамин ҳол, бо назардошти талабот, шумора ва ҷадвали онҳо метавонад тағйир дода шавад.

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ дар ин хусус бевосита муроҷиат кардан ба ширкатҳои ҳавопаймоии зикршуда тавсия дода мешавад.

Киҳо бо ин парвозҳои чартерӣ сафар карда метавонанд?

Аз ин хатсайрҳои чартерӣ танҳо шаҳрвандони Русия ё шахсоне, ки асосҳои зарурии зикршударо дар фармоиши Ҳукумати Русия аз 16 марти соли 2020 №635-р доранд, истифода карда метавонанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мақсади кор ё таҳсил ба Русия рафтанианд, аз парвозҳои чартерӣ истифода карда наметавонанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон бо транзит тариқи кишварҳои сеюм, масалан тариқи Қазоқистон (Алмато), АМА (Дубай), Туркия (Истанбул) ё Ӯзбекистон (Тошканд) ба Русия рафта метавонанд?

Бо транзит тариқи кишварҳои сеюм ба Русия танҳо он шаҳрвандони Тоҷикистон рафта метавонанд, ки асосҳои зарурии зикршударо дар фармоиши Ҳукумати Русия аз 16 марти соли 2020 №635-р доранд.

Боқимонда дигар шаҳрвандони Тоҷикистон бо шумули бо мақсади кор ё таҳсил сафаркунанда бо транзит тариқи кишварҳои сеюм ба Русия рафта наметавонанд.

Ба Русия бо нақлиёт тариқи роҳи заминӣ ҳам рафтан мумкин аст?

Не. Айни замон байни Русия ва Тоҷикистон танҳо алоқаи мустақими ҳавоӣ боз шудааст. Сарҳадҳои заминии Русия баста боқӣ мемонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...