Шикояти сокинони деҳот аз риоя нашудани “лимит”-и барқ

Сокинони манотиқи деҳоти Тоҷикистон аз шадидтар шудани маҳдудияти истифодаи барқ шикоят мекунанд. Сокинони ноҳияҳои тобеи марказ, инчунин ноҳияи Айнии вилояти Суғд мегӯянд, пештар интиқоли барқ ба онҳо соати 23:00 қатъ шуда, акнун аз соати 22:00 барқ хомӯш мешавад. Дар ширкати “Барқи тоҷик” қабул шудани қарореро оид ба шадид кардани “лимит”-и барқ рад намуда, изҳор мекунанд, […]

Сокинони манотиқи деҳоти Тоҷикистон аз шадидтар шудани маҳдудияти истифодаи барқ шикоят мекунанд.

Сокинони ноҳияҳои тобеи марказ, инчунин ноҳияи Айнии вилояти Суғд мегӯянд, пештар интиқоли барқ ба онҳо соати 23:00 қатъ шуда, акнун аз соати 22:00 барқ хомӯш мешавад.

Дар ширкати “Барқи тоҷик” қабул шудани қарореро оид ба шадид кардани “лимит”-и барқ рад намуда, изҳор мекунанд, ки маҳдудияти истифодаи барқ мисли пешин аз соати 23:00 то 05:00-субҳ амал мекунад.

“Дар сурати риоя нашудани реҷаи маҳдуд, ҳар кадоме аз истеъмолгарон метавонад ба телефонҳои боварии мо: 2 35 86 84; 93 355 51 51 ва 93 355 52 52 муроҷиат намояд”, – гуфтанд дар ширкат.

Дар ширкати “Барқи тоҷик” пурра баратараф шудани речаи маҳдуди истифодаи барқро ба гармшавии ҳаво вобаста медонанд, ки ба афзоиши маҷрои об дар дарёҳо мусоидат мекунад.

Реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ё худ “лимит” расман аз 6 январи соли равон ҷорӣ шуд, ҳарчанд аҳолии деҳот аз тез-тез ва ба муддати тӯлонӣ қатъ шудани интиқоли барқ ҳанӯз аз моҳи сентябри соли гузашта шикоят мекарданд.

Ҷорӣ шудани реҷаи маҳдуди истифодаи барқро ҳукумат камбуди захираҳои об бар асари хушк омадани обуҳаво дар соли 2020 маънидод кард.

Нимаи моҳи феврал “Барқи тоҷик” давомнокии реҷаи маҳдуди истифодаи барқро як соат кам карда, инро раҳбарияти ширкат ба обуҳавои мусоид ва зиёдшавии маҷрои об дар дарёи Вахш нисбат дод.

Айни замон танҳо дар қаламравҳое, ки дар онҳо хонаҳои баландошёна ҷойгиранд, нерӯи барқ шабонарӯзӣ интиқол меёбад.

Сарфи назар аз маҳдудияти интиқоли барқ дар дохили кишвар, қисмате аз он ба кишвари ҳамсояи Афғонистон содирот мешавад.

Тибқи маълумоти расмии оморӣ, давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ ба хориҷи кишвар ба маблағи ҳудуди 7,1 млн доллар неруи барқ интиқол ёфтааст, ки қариб 2 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.