Президент ба Ворух меравад. Ӯро он ҷо хеле интизоранд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд аз ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара боздид мекунад. Ин маълумотро дар хадамоти матбуоти сарвари давлат ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд. “Дарвоқеъ, президент аз Ворух боздид мекунад, вале санаи дақиқи сафар ҳоло номаълум аст. Дар даҳаи аввали моҳи апрел сафари кории президент ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд аз ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара боздид мекунад. Ин маълумотро дар хадамоти матбуоти сарвари давлат ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд.

“Дарвоқеъ, президент аз Ворух боздид мекунад, вале санаи дақиқи сафар ҳоло номаълум аст. Дар даҳаи аввали моҳи апрел сафари кории президент ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд пешбинӣ шудааст. Ӯ аз шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан ва Гулистону Исфара боздид мекунад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии президент Абдуфаттоҳ Шарифзода.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи манбаи “Азия-Плюс” дар дастгоҳи ҳукумати вилоят, сафари президент рӯзҳои 5-8 апрел дар назар аст.

“Дар ҷамоат корҳои ободонӣ ҷараён доранд. Зимни сафар ифтитоҳи зиёда аз 10 иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти кишвар ва вохӯрии сарвари давлат бо сокинон ва фаъолони ҷамоат ба нақша гирифта шудааст”, – иброз дошт манбаъ.

Аз ҷумла майдони Парчами миллӣ, бинои таъмиру навсозишудаи “Кохи фарҳанг”, бинои нави мактаби таҳсилоти умумӣ, маҷмааи фароғатӣ ва варзишӣ, хати нави интиқоли оби нӯшокӣ ва ғайра мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Сокинони ҷамоат хабар доданд, ки чандин моҳи ахир ба сафари сарвари давлат омодагӣ мегиранд: кӯчаву роҳ ва намои биноҳо таъмиру обод мешаванд.

“Хеле умедворем, ки президент дар ин сафар бо мо – сокинон вохӯрда, ба ҳарфҳои мо гӯш медиҳад ва ин сафар ба ҳалли мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла мушкилот дар сарҳад мусоидат мекунад. Аз изҳороти раиси КДАМ-и Қирғизистон хеле ғамгин шудем ва сафари президент нишон медиҳад, ки ҳукумат ба тақдири Хоруғ бетараф нест”, – зикр кард сокини Ворух.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.