Маълумотномаи супурдани ПСР-тест барои парвоз ба Русия бояд чӣ гуна ранг дошта бошад?

Чанде пеш чандин нафар ба идораи “Азия-Плюс” муроҷиат намуда, шикоят карданд, ки маълумотнома (справка)-ҳои онҳоро дар бораи гузаштан аз тест тариқи ташхиси ПСР дар фурудгоҳи Душанбе қабул накардаанд ва онҳоро лозим омадааст, ки дар пойтахт дубора тест супоранд. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии ҷумҳурӣ хабар доданд, маълумотномаи гузаштан аз тести сироят ба коронавирус […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Чанде пеш чандин нафар ба идораи “Азия-Плюс” муроҷиат намуда, шикоят карданд, ки маълумотнома (справка)-ҳои онҳоро дар бораи гузаштан аз тест тариқи ташхиси ПСР дар фурудгоҳи Душанбе қабул накардаанд ва онҳоро лозим омадааст, ки дар пойтахт дубора тест супоранд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии ҷумҳурӣ хабар доданд, маълумотномаи гузаштан аз тести сироят ба коронавирус тариқи ташхиси ПСР бояд ранги сурх дошта бошад.

“Ин маълумотнома бо ранги сурх фарқ мекунад. Ранги он махсус сурх карда шудааст, то ки пас аз гузаштан аз тести ташхиси коронавирус маълумотномаҳои қалбакӣ ё сохта дода нашаванд”, – мегӯяд Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии Вазорати тандурустӣ.

– Лекин мегӯянд, дар фурудгоҳи Душанбе танҳо маълумотномаи аз озмоишгоҳ (лаборатория)-и Душанбе гирифтаро қабул мекунанд ва аз дигар минтақаҳоро ба инобат намегиранд. Ҳамин тавр аст?

– Не. Мо ба ҳамаи озмоишгоҳҳо варақаҳои махсус барои сафарро фиристодем. Мусофирон 72 соат вақт дошта метавонанд, то ки бо ин маълумотнома ба дигар кишварҳо сафар кунанд.

Ҳолатҳои қабул нашудани маълумотномаи чанде аз мусофирон ба он вобаста аст, ки онҳо қалбакӣ буданд. Маҳз барои ҳамин дар фурудгоҳ ба онҳо тавсия медиҳанд, ки дар Душанбе аз тести такрорӣ гузаранду дубора ба дигар вилояту ноҳияҳо сарсон нашуда, ба хонаҳояшон барнагарданд.

Дар куҷо тест супурдан лозим ва нархи он чанд пул аст?

Душанбе

– Собиқ бинои асосии Нозироти санитариву эпидемиологӣ дар кӯчаи Саъдии Шерозӣ, 8 (назди Вазорати тандурустӣ). Нархаш – 120 сомонӣ;

– Озмоишгоҳи хусусии “Диамед” – 165 сомонӣ. Ташхиси антителаҳо дараҷаи IgM ва IgG – 155 сомонӣ;

– Озмоишгоҳи «Ахвар» – кӯчаи Бохтар, тел: 2234444. Нарх – 150 сомонӣ;

Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии шаҳр – кӯч. Айнӣ, 12, нарх – 120 сомонӣ, тел: 446006002;

– Озмоишгоҳи Маркази ҷумҳуриявии "Шифобахш" (Қарияи Боло). Нарх – 120 сомонӣ;

– Озмоишгоҳи "Гемотест" – кӯч. М. Турсунзода, бинои 451. Тел.: +992 48 703 13 13. Нархи хизматрасонӣ – 165 сомонӣ.

Хуҷанд

– Озмоишгоҳи вирусологӣ дар бинои Маркази давлатии нозироти санитарӣ-эпидемиологӣ, инчунин дар озмоишгоҳи “Луқмони Ҳаким”;

– Филиали озмоишгоҳи “Диамед” (Беморхонаи шаҳрӣ, маҳаллаи 34, тел: 900011205 ва Беморхонаи вилоятӣ – кӯч. Гагарин , тел: 900011210).

Бохтар

– Озмоишгоҳи вирусологӣ дар Маркази давлатии нозироти санитарӣ-эпидемиологии вилояти Хатлон бо суроғаи кӯч. Сино, инчунин дар озмоишгоҳҳои хусусӣ.

Кӯлоб – дар озмоишгоҳ бо суроғаи Борбад, 40

Хоруғ – Маркази минтақавии Хадамоти санитарӣ-эпидемиологӣ бо суроғаи кӯч. Сайдмир Абдураҳмон  (назди Беморхонаи вилоятӣ).

Арзиши гузаштан аз тести коронавирус тариқи ташхиси ПСР дар ҳамаи ин озмоишгоҳҳо аз 120 сомонӣ зиёд нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.