Баррасии дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 март вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкарро, ки бо мақсади иштирок дар 9-умин Конфронси “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманди […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 март вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкарро, ки бо мақсади иштирок дар 9-умин Конфронси “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманди сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар арсаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Ҳиндустон яке аз кишварҳои калидии қитъаи Осиё маҳсуб меёбад ва “мо ба бештар мустаҳкам намудани муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон аҳамияти пайваста медиҳем”.

Дар ин зимн, зарурати тақвияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим барои таъмини рушди устувори иқтисодиёт, татбиқи лоиҳаҳои зерсохториву истеҳсолӣ ва тиҷоративу хизматрасонӣ дар Тоҷикистон таъкид гардид.

Ҳамчунин, зарур дониста шуд, ки имкониятҳои фаровони ду кишвар дар соҳаи энергетика, бахши кишоварзӣ, нақлиёт, тиб пурратар истифода карда шаванд.

Зимни суҳбат аз ҳамкорӣ дар доираи Барномаи омӯзишии ҳамкориҳои иқтисодӣ (ITEC), Шӯрои муносибатҳои фарҳангии Ҳиндустон (ICCR) ва дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла ҷиҳати  интиқоли 192 ҳазор воя ваксинаи зидди вируси “Ковид-19” тариқи механизми “Ковакс” изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар мулоқот тақвияти фаъолияти Гурӯҳи кории муштарак оид ба масъалаҳои амниятӣ ва мавзӯъҳои марбут ба мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ, инчунин қазияи Афғонистон муҳокима гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.