Таҳияи барномаи талаботи кӯдакони муҳоҷирон ба таҳсил дар Русия

Вазорати таҳсилоти Русия низоми арзёбии талаботи кӯдакони муҳоҷирон ба таҳсилро таҳия мекунад, гуфтааст вазири таҳсилоти ин кишвар Сергей Кравтсов, менависад Парламентская газета. Ӯ изҳор доштааст, ки низом сатҳи донистани забони русии кӯдак ва мушкили имконпазир зимни азхудкунии барномаи таълими умумиро ошкор намуда, минбаъд ба ташаккули ҳудуди зарурии таълим барои ӯ, инчунин барномаи мувофиқати равонӣ-омӯзгорӣ имкон […]

Вазорати таҳсилоти Русия низоми арзёбии талаботи кӯдакони муҳоҷирон ба таҳсилро таҳия мекунад, гуфтааст вазири таҳсилоти ин кишвар Сергей Кравтсов, менависад Парламентская газета.

Ӯ изҳор доштааст, ки низом сатҳи донистани забони русии кӯдак ва мушкили имконпазир зимни азхудкунии барномаи таълими умумиро ошкор намуда, минбаъд ба ташаккули ҳудуди зарурии таълим барои ӯ, инчунин барномаи мувофиқати равонӣ-омӯзгорӣ имкон медиҳад.

Вазир хабар додааст, ки оғози амалисозии низом ба таври озмоишӣ аввали соли оянда ба нақша гирифта шудааст.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи Кравтсов, дар ин робита дар вазорат инчунин барои омӯзгорон давраҳои омӯзишӣ, барои роҳбарони синф маводи методӣ таҳия шудааст, то ки онҳо малакаи кор бо чунин кӯдаконро дошта бошанд.

Кравтсов зикр кардааст, ки чунин кор хеле муҳим аст, зеро тариқи мутобиқшавии кӯдакон мутобиқшавии волидон беҳтар сурат мегирад.

Қаблан вазир изҳор дошта буд, ки аз лиҳози сифати таҳсилоти ибтидоӣ Русия аввалин дар ҷаҳон аст. Тибқи маълумоти Вазорати таҳсилот, ҳар як сеюм мактаб дар кишвар барои беҳтар намудани ҷараёни таълим, бахусус дар синфҳои 8-9 имконоти зиёд дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.