Онҳое, ки хидмати аскарӣ кардаанд, дар Тоҷикистон бе озмун ба мактаби олӣ дохил мешаванд

Date:

Ҳукумати Тоҷикитстон тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи мақоми ҳуқуқии хидматчиёни ҳарбӣ”-ро таҳия ва ба палатаи поёнии парлумон пешниҳод намуд.

Мувофиқи ин тағйиру иловаҳо, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ хидмати ҳарбӣ адо кардаанд, ба мактабҳои олии ҳарбии кишвар бе озмун қабул шуда метавонанд.

“Чунин имтиёз ба собиқ сарбозон танҳо зимни қабул шудан ба мактабҳои олии ҳарбӣ дода шуда, ба дигар мактабҳои олӣ дахл надорад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” раиси Кумитаи мудофиа ва амнияти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Рустам Шоҳмурод.

Ӯ зикр кард, ки аз имтиёзи зикршуда ҳамчунин шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба мактабҳои олии ҳарбии дигар давлатҳо дохил шуданианду Тоҷикистон бо онҳо дар ин хусус созишномаи дахлдор  ба имзо расонидааст, истифода бурда метавонанд.

Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон танҳо як мактаби олии ҳарбӣ – Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумурӣ фаъолият мекунад, ки аввали соли 1993 таъсис дода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...