Додхоҳии наздикони милисаи кушташуда дар Панҷ аз президент: Аз тафтишот розӣ нестанд

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Наздикони афсари милисае, ки аз тири калашников дар бинои ШВДК-и ноҳияи Панҷ кушта шуд, тафтиши қазияро ноодилона хонда, хостори тағйири мақоми тафтишкунандаи қазия шудаанд.

Холиқназар Ҷумъаев амаки афсари кушташуда Меҳроншо Ҷумъаев дар суҳбат бо “Asia-Plus” изҳор кард, ки рӯзи 10 март ба Президенти кишвар, Прокуратураи Генералӣ ва Прокурори вилояти Хатлон муроҷиат карданд, ки парвандаи қазияи бародарзодаашро аз прокуратураи ноҳияи Панҷ гирифта ба истеҳсолоти Прокуратураи Генералӣ ё Прокуратураи вилояти Хатлон диҳанд.

“Мо ҳанӯз 3- юми март, баъд аз вохӯрии нахустин бо прокурори ноҳияи Панҷ ва шинос шудан аз рафти тафтишот дарёфта будем, ки дар ноҳияи Панҷ имкони ба таври холисона, беғаразона ва пурра пеш бурдани тафтишоти қазияи рухдода бар сари бародарзодаам вуҷуд надорад. Бинобар ин, мо 4-уми март фавран ба Прокурори генералӣ муроҷиат карда, бо далелҳои қотеъ дархост намудем, ки парвандаро аз прокуратураи ноҳияи Панҷ гирифта ва ба ягон прокуратураи дигар супоранд”,- мегӯяд амаки марҳум.

Ба гуфти наздикони марҳум баъди шинос шудан бо парвандаи ҷиноӣ дарёфтаанд, ки парванда пурра ва ҳаматарафа тафтиш нашудааст.

“Мо ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Прокуратураи Генералӣ ва Прокуратураи вилояти Хатлон бори дигар муроҷиат карда, хоҳиш кардем, ки ба хотири одилонаву беғаразона ба анҷом расонидани тафтишот, парванда аз прокуратураи ноҳияи Панҷ гирифта ба прокуратураи вилояти Хатлон дода шавад. Айни замон танҳо гумонбар дар куштор ҷавобгар шуда истодааст. Дар ин қазия роҳбарияти ШВКД ва масъулини қисми назорати яроқу ивази навбатдорон низ барои роҳ додан ба хунукназарӣ назди қонун бояд ҷавоб бигӯянд. Баъдан бандубасти парванда бояд аз рӯи модаи 104 (куштор) оғоз мешуду тафтишот мешуд. Мутаасифона тафтишот онро бар асоси моддаи 108 қисми 2 (куштор аз беэҳтиётӣ) оғоз кардаанд. Хулосаи ду ташхиси гуногун нишон додааст, ки ҳодисаи парондан тасодуфӣ набуда, махсус мошаи автомат зер карда шудааст.”,-изҳор кард Х.Ҷумъаев.

Холиқназар Ҷумъаев дар идомаи суҳбаташ илова кард, ки аз Президенти кишвар хоҳиш кардаанд, ки дастур бидиҳанд парванда аз прокуратураи ноҳияи Панҷ гирифта ба прокуратураи вилояти Хатлон ё Прокуратураи Генералӣ дода шавад то хунукназарии роҳбарияти ШВКД беғаразона ва одилона санҷида баромада шавад.

Норизоятии наздикони афсари пулиси кушташуда дар ҳолест, ки мақомоти зидахл дар ин бора ба расонаҳо чизе намегӯянд. Дар ҳамин ҳол “Азия-Плюс” хост назари прокурори ноҳияи Панҷ Абдулфайз Холиқзодаро дар ин маврид бипурсад, аммо ӯ дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт баъдтар тамос мегирам. Мутаасифона давоми рӯз тамосҳои мукаррари мо бепосух монданд.

Бояд гуфт, ки афсари милиса, лейтенанти калон Меҳроншоҳ Ҷумъаев, ки ба ҳайси нозири минтақавӣ дар ҷамоати деҳоти Кабут Сайфиддинови ноҳияи Панҷ хидмат мекард, соати 4-и субҳи 7 феврал аз тири старшинаи милитсия Амирзода Насим Абдукарим ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ, дар ҷойи кор, яъне дар дохили бинои ШВКД Панҷ кушта шуд. Старшинаи милитсия Амирзода Насим Абдукарим ба сӯи марҳӯм ду тир парронд, ки яке ба Меҳроншоҳ бархӯрда, ӯро дар ҷойи ҳодиса кушт ва тири дигар хато рафта, ба шифт бархӯрд.

Прокуратураи ноҳияи Панҷ нисбати Амирзода Насим Абдукарим, старшинаи милитсия бо моддаи 108 қисми 2 (куштор аз беэҳтиётӣ) парванда боз кардаааст, ки акнун гуфта пешавад тафтиши он ба поён расидааст.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...