Барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ Тоҷикистон аз MIGA кафолат мехоҳад

Дар мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо раҳбарияти Агентии бисёрҷониба оид ба кафолати сармоягузориҳо (MIGA) масоили мусоидат ба ҷалби сармоягузориҳо ба иқтисоди ҷумҳурӣ баррасӣ шуданд. Дар вохӯрии маҷозӣ рӯзи сешанбе ноиби президенти MIGA Виҷай Айер, директор оид ба амалиёти MIGA Сарвеш Сури ва роҳбари департаменти кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказии ин Агентӣ Олга Скловская […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо раҳбарияти Агентии бисёрҷониба оид ба кафолати сармоягузориҳо (MIGA) масоили мусоидат ба ҷалби сармоягузориҳо ба иқтисоди ҷумҳурӣ баррасӣ шуданд.

Дар вохӯрии маҷозӣ рӯзи сешанбе ноиби президенти MIGA Виҷай Айер, директор оид ба амалиёти MIGA Сарвеш Сури ва роҳбари департаменти кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказии ин Агентӣ Олга Скловская иштирок краданд, хабар медиҳад котиботи Вазорати молияи ҶТ.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи дастгирии Тоҷикистонро дар ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ барои амалисозии лоиҳаҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор доданд.

Лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва нақлиёт аз ҷумлаи афзалиятҳои кишвар зикр шудааст.

“Аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрӣ ҷонибҳо ба минбаъд таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои созанда изҳори омодагӣ карданд”, – илова мешавад дар маълумот.

Ёдрас мекунем, ки нисбат ба соли 2019 дар соли 2020 ҷалби сармоягузорӣ ба ҷумҳурӣ ба андозаи 53% кам шуд.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҳаҷми умумии сармоягузориҳои хориҷии дар соли гузашта ҷалбшуда 428 млн долларро ташкил медиҳад.

Сармоягузорони асосӣ ба Тоҷикистон дар ин давра Чин (зиёда аз $150 млн), Арабистони Саудӣ ($39 млн), Филиппин ($38 млн) дониста шудаанд.

Ҳаҷми сармоягузории мустақими хориҷӣ дар ҳаҷми умумии сармоягузории ҷалбшуда ҳудуди 38% – 162 млн долларро ташкил додааст.

Агентии бисёрҷониба оид ба кафолати сармоягузориҳо (MIGA)  узви мустақили гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ мебошад. Тоҷикистон соли 2019 ба узвияти ин Агентӣ пазируфта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.