Бунёди роҳи Обигарм -Тагикамар оғоз мешавад. Инро ҳам як ширкати чинӣ месозад

Таърихи   12-уми апрел вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ваколатдори ширкати чинии «Hunan Road & Bridge Construction Group Company Limited» Луи Фей қарордоди татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи Обигарм – Нуробод марҳилаи якум, яъне  сохтмони қитъаи Обигарм -Тагикамарро ба имзо расониданд. Вазорати нақлиёт дар шарҳи қарордод менависад, лоиҳаи мазкур аслан аз се марҳила иборат буда, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Таърихи   12-уми апрел вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ваколатдори ширкати чинии «Hunan Road & Bridge Construction Group Company Limited» Луи Фей қарордоди татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи Обигарм – Нуробод марҳилаи якум, яъне  сохтмони қитъаи Обигарм -Тагикамарро ба имзо расониданд.

Вазорати нақлиёт дар шарҳи қарордод менависад, лоиҳаи мазкур аслан аз се марҳила иборат буда, марҳилаи якуми он аз 30,2 км роҳи асосии Обигарм-Тагикамар, сохтмони 2 нақби дарозии 1,6 км, сохтмони 5 пули нав ва таҷдиди 1 пул (бо масофаи умумии 1,7км) иборат аст.

Тибқи маълумоти Вазорат, маблағи умумии анҷоми корҳои дар боло зикршуда 178,1 млн долларро ташкил медиҳад.

Маблағгузорӣ аз сарчашмаҳои зерин сурат мегирад: Гранти Бонки осиёии рушд – 110 млн доллар; Қарзи Фонди ОПЕК – 40 млн доллар;  Ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон – 28,1 млн. доллар.

Азим Иброҳим зимни мулоқот изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд низ чунин ҳамкориҳои судманд идома хоҳанд ёфт ва корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкати мазкур бо сифати баланд ва сари вақт ба анҷом хоҳад расид.

Бунёди қитъаи роҳи мазкур марҳилаи аввали лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Обигарм-Нуробод мебошад. Амалисозии лоиҳа ба се марҳила тақсим карда шудааст.

Масофаи умумии роҳи мазкур 75 километрро ташкил дода, маблағи хароҷот ба он – 350 млн доллар арзёбӣ мешавад.

Зарурати сохтмони роҳи нави Обигарм-Нуробод дар он ифода меёбад, ки ба андозаи пур шудани обанбори неругоҳи Роғун роҳи кӯҳна зери об мемонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.