Даргузашти Дилшод Басир, соҳибкори 45-солаи тоҷик дар Истамбули Туркия

Дишод Басир, соҳибкори тоҷики муқими Туркия субҳи имрӯз дар Истамбул бар асари беморие, ки дошт,  дар синни 45-солагӣ даргузашт. Дар ин бора наздикони марҳум ба "Азия-Плюс" хабар доданд.  Дилшод Басир мудири кулли ширкати "Глобал Моторс" ва фарзанди шоири шинохта ва фақиди тоҷик Басир Расо буд. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ ҳамроҳ бо хонаводааш дар Истамбул зиндагӣ мекард […]

Asia-Plus

Дишод Басир, соҳибкори тоҷики муқими Туркия субҳи имрӯз дар Истамбул бар асари беморие, ки дошт,  дар синни 45-солагӣ даргузашт. Дар ин бора наздикони марҳум ба "Азия-Плюс" хабар доданд. 

Дилшод Басир мудири кулли ширкати "Глобал Моторс" ва фарзанди шоири шинохта ва фақиди тоҷик Басир Расо буд.

Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ ҳамроҳ бо хонаводааш дар Истамбул зиндагӣ мекард ва тиҷораташро баъди чанд соли кор дар Тоҷикистон дар Туркия мечархонад.

Дар ҳоли ҳозир барои овардани ҷасади марҳум ба Душанбе наздикону пайвандонаш даст ба кор шудаанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Дилшод Басир ба унвони як соҳибкори боахлоқу боимон ва саховатманду ҷавонмард ёд кардаанд ва гуфтаанд, ки ҳамеша варзишгарону донишмандонро ёрии молӣ мекардааст. 

Гуруҳи расонаҳои Азия-Плюс марги ин соҳибкори хушноми тоҷикро ба тамоми наздикону пайвандонаш таслият арз мекунад ва дар ин мусибати сахт барояшон сабру бурдаборӣ мехоҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.