ВКХ Тоҷикистон: “Мо САҲА-ро як платформаи муҳим барои муколамаи созанда мешуморем”

Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аҳаммияти муқовимати муштарак алайҳи чолишҳои муосирро, аз қабили таъсири бемории ҳамагирии COVID-19 ба иқтисодиёт, тағйирёбии иқлим, мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва киберҷиноятҳо таъкид карданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия – Раиси амалкунандаи САҲА хонум Анн Линдеро, […]

Asia-Plus

Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аҳаммияти муқовимати муштарак алайҳи чолишҳои муосирро, аз қабили таъсири бемории ҳамагирии COVID-19 ба иқтисодиёт, тағйирёбии иқлим, мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва киберҷиноятҳо таъкид карданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия – Раиси амалкунандаи САҲА хонум Анн Линдеро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорат.

Дар рафти мулоқот доираи васеи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Шветсия, инчунин ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби САҲА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ҳамчунин вазъро дар минтақа ва Афғонистон баррасӣ намуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин қайд намуд, ки Тоҷикистон САҲА-ро ҳамчун платформаи муҳим барои муколамаи созанда шуморида, ҷиҳати тавсеаи муносибатҳо бо Созмон дар доираи ҳар се ченак – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ ҳавасманд мебошад”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар доираи муносибатҳои дуҷониба тарафайн омодагии худро ҷиҳати истифодаи имкониятҳои фаровон барои густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ ва савдо, энергетика, маориф, амният, сайёҳӣ ва тағйири иқлим изҳор намуданд.

Қаблан зикр гардида буд, ки раиси кунунии САҲА, вазири корҳои хориҷии Шветсия Анн Линде аз 11 то 15 апрел аз Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон боздид мекунад.

Дар назар аст, ки имрӯз Анн Линдеро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба ҳузур мепазирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.