Шӯрои уламо: Ваксина гирифтан рӯзаро намешиканад

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Шӯрои уламои Тоҷикистон бори дигар бо даъвати рад накардани ваксиназанӣ дар моҳи шарифи Рамазон ба аҳолии кишвар муроҷиат намуд.

Ходимони дин ба ҳадисҳои пайғамбар Муҳаммад (с) истинод оварда, изҳор мекунанд, ки “ваксина гирифтан рӯзаро намешиканад”.

Дар муроҷиати дар сомонаи расмии Шӯро нашршуда гуфта мешавад, аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ ҳар чизе, ки сабаби ислоҳи бадан бошад ва аз роҳи аслӣ, ки иборат аз ҳалқ ва бинӣ аст, вориди меъда шавад, рўзаро фосид месозад.

“Аммо дар ҳолати пеш омадани зарурат ва бартараф намудани хатар давоҳое, ки ба василаи сӯзандору дар бадан ворид мешаванд, агарчи сабаби ислоҳи бадан ҳастанд, вале чун аз ғайри роҳи аслӣ ба воситаи хун ба бадан дохил шудаанд, рўзаро намешикананд ва фиқҳи муосир низ ин матлабро таъйид мекунад”, – омадааст дар муроҷиатнома.

Гуфта мешавад, ҳамин заруратро ба назар гирифта, марказҳои фатвои кишварҳои олами исломӣ, аз ҷумла, Арабистони Саудӣ, Миср, Кувайт, Баҳрайн, инчунин кишварҳои ҳамҷавори Ўзбекистону Қазоқистон оиди ин масъалаи зарурии ҳаёт фатво содир карданд ва тибқи фатвои онҳо, гирифтани ваксинаи зидди Ковид -19 рӯзаро намешиканад, зеро он ғизо ба шумор нарафта, баданро қувват намебахшад.

“Вобаста ба ин, Раёсати Шӯрои уламо ҳолати заруратро ба инобат гирифта, ба мардуми кишвар муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки баҳри ҳифзи саломатии худ ва атрофиён, ҳар як шахси ватандӯсти оқил бояд дар нуқтаҳои махсуси тиббӣ, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ташкил карда шудаанд, бетаъхир, таъҷилан аз эмгузаронӣ (ваксинатсия) гузаранд”, – изҳор мешавад дар муроҷиат.

Зимнан таъкид мешавад, ки тибқи далелҳои дар боло зикршуда эмгузаронӣ ба рӯза халал ворид намекунад.

Ёдрас мекунем, ки маъракаи ваксиназанӣ дар Тоҷикистон 22 март шурӯъ шуд. Мувофиқи қарори ҳукумат, ваксиназанӣ марҳила ба марҳила миёни қишри осебпазири аҳолӣ гузаронида мешавад.

Аввалин шуда вазири тандурустии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва акнун собиқ муовини ӯ Самариддин Ализода, инчунин намояндаи UNICEF дар Тоҷикистон Осама Маккави Когали ваксина гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки ин аввалин муроҷиати Шӯрои уламо ба аҳолӣ вобаста ба ваксиназанӣ набуда, аввали моҳи апрел низ Шӯро аз аҳолӣ даъват карда буд, ки ваксиназаниро рад накунанд ва он замон ҳам ба оятҳои Қуръону ҳадисҳои пайғамбар Муҳаммад (с) истинод оварда шуда буд.

«Баъзе инсонҳо вокуниши ғайрифаъолро ба даъвати ба эмгузаронӣ бо баҳонаи он, ки баъзе доираҳои хориҷӣ ба воситаи эмгузаронӣ мехоҳанд ба мардум зарар расонанд, тарғиб мекунанд. Ин сароҳатан муносибати ғалат аст, ки аз саъйю талоши хидмат ба манфиатҳои беҳтарини мардум ва ҷомеаҳо ҷудо мебошад. Чунин муносибат ба яке аз ду сабаб ишора мекунад: ин ё натиҷаи ҷаҳолат ва нодонии аҳкоми шариат аст, ё ин ки натиҷаи адами огоҳӣ аз оқибатҳои хатарноки вогузорӣ ва тарки эмгузаронӣ», – зикр шуда буд дар муроҷиатнома.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...