Таърихи нави баргузории намоишгоҳи нигораҳои Тоҷикистон дар Фаронса эълон шуд

Asia-Plus

Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Зулфия Давлатзода масъалаи баргузории Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи Гиймеи Фаронсаро дар мулоқоташ бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Тарранро баррасӣ кардааст.

Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг иттилоъ медиҳад, зимни вохӯрӣ эълон шуд, ки соли ҷорӣ баргузории Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи Гиймеи Фаронса таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” аз 13 октябри соли 2021 то 10 январи соли 2022 ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, алакай дар мавриди баргузории он аз ҷониби мудирони Осорхонаи Гийме, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шартнома ба имзо расидааст.

Ба иттилои манбаъ, айни замон омодагӣ барои баргузории ин намоишгоҳ аз ҷониби Тоҷикистон идома дорад.

Дар навбати худ Мишел Тарран изҳор дошт, ки намоишгоҳ яке аз аввалин намоишгоҳҳои Тоҷикистон дар кишварҳои Аврупо мебошад, зеро ин намоишгоҳ дар он ҷо фарҳанг ва таърихи ғании миллати тоҷикро муаррифӣ менамояд.

“Намоишгоҳи мазкур дар замони хеле мувофиқ баргузор мегардад, зеро дар ин муддат дар кишвари мо истироҳатҳои идона хеле зиёд ҳастанд, ки ин сафи тамошобинони фаронсавӣ ва сайёҳони хориҷиро зиёд хоҳад кард”, – таъкид намуд сафир.

Зимни мулоқот зикр шуд, ки корҳои омодагӣ ба ин намоишгоҳ дар Осорхонаи Гийме идома дошта, инчунин қобили қабул хоҳад буд, ки дар ҳошияи намоишгоҳи мазкур дар Осорхонаи Гийме намоишгоҳи дигар дастовардҳои Тоҷикистон, аз ҷумла, зарфиятҳои сайёҳӣ, фарҳангӣ, рассомӣ, китобҳо, театру мусиқӣ ва ғайра ташкил карда шавад.

Қобили зикр аст, ки бар асари пандемияи коронавирус баргузории ин намоишгоҳ ба вақти дигар мавқуф гузошта шуда буд. Нахуст Тоҷикистону Фаронса ният доштанд, ки намоишгоҳро аз 4 ноябри соли 2019 то 17 феврали соли 2020 баргузор кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...