Тоҷикистон дар шабурӯзи болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ воридоти онро кам кард

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи зиёда аз 58 млн доллар ҳудуди 118,4 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид кард, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ.

Ин нишондиҳанда нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2020 аз рӯйи вазн 2,7% ва аз рӯйи арзиш 22,6% камтар мебошад.

Дар пасманзари болоравии арзиши маҳсулоти нафтӣ Тоҷикистон аз оғози соли равон тадриҷан ҳаҷми воридотро кам кард.

Ба ин тариқ, моҳи январ наздики 44 ҳазор тонна, феврал – 38 ҳазор ва моҳи март – қариб 36,4 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шуд.

Дар муқоиса бо моҳи январи соли ҷорӣ ҳаҷми воридот ба андозаи 17,3% ё худ 7,6 ҳазор тонна кам шуд.

Нисбат ба моҳи январ нархи миёнаи як тонна маҳсулоти нафтии воридшуда ба андозаи 26% афзуд: агар моҳи январ арзиши миёнаи ҳар як тонна 444 долларро ташкил медод, пас дар моҳи март он аллакай ба 560 доллар расид.

Семоҳаи аввали ҳамин сол нархи чаканаи бензини бештар серхаридори АИ-92 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Душанбе 30% боло рафт: аз 6,5 то 8,5 сомонӣ.

Бензини навъи АИ-95 ба миқдори 27%: аз 6,9 то 8,8 сомонӣ ва сӯзившории дизелӣ – 13%: аз 6,8 то 7,7 сомонӣ зиёд шуд.

Ёдрас мекунем, ки пешниҳоди ҳукумат оид ба тағйирот ба Буҷети давлатии соли 2021 дар бораи аз пардохти боҷи гумрукӣ, аксиз ва ААИ озод кардани Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон зимни воридоти бензин, сӯзишвории дизелӣ, инчунин гандуму шакар, биринҷ ва дигар маҳсулот 31 марти ҳамин сол аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабул шуд.

Дар Вазорати молия бар ин назаранд, ки имтиёзҳои ба Агентӣ додашуда, ба беҳбуди таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти дар боло зикршуда, инчунин ҷиҳати ба эътидол омадани вазъи нархҳо ба он мусоидат менамояд.

Раҳбарияти Вазорат зикр карда буд, ки ба Агентӣ барои бештар самаранок истифода бурдани қарзи имтиёзноки Бонки исломии рушд (БИР) чунин имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ дода шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, Агентӣ бо БИР созишнома дар бораи маблағгузорӣ ба савдо ба имзо расонидааст, ки дар он барои воридоти маҳсулоти ниёзи аввал додани қарзи имтиёзнок пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, пас аз қабули ин тағйирот Аъзои Ассотсиатсияи “Воридкунандагони маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ”-и ҷумҳурӣ бо дархости додани чунин имтиёз ба онҳо низ бо мактуб ба унвони президенти кишвар муроҷиат намуданд.

Дар мактуб бо имзои раҳбарияти 18 ширкат гуфта мешавад, ҳиссаи воридоти аъзои Асссотсиатсия дар ҳаҷми умумии воридоти маводи сӯзишворӣ 80% ва ҳиссаи Агентии захираҳои моддии назди ҳукумат тайи ду соли ахир ҳамагӣ 3%-ро ташкил медиҳад.

Аъзои Ассотсиатсия бар ин назаранд, ки бо сабаби фарқият дар нархгузорӣ, онҳо рақобатпазир буда наметавонанд ва ба тарки бозор маҷбур мешаванд.

Ба ақидаи мутахассисон, имтиёзҳо аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ ба воридкунандагони маҳсулоти нафтӣ дар шароити камбуди шадиди захираҳои молиявӣ даромадҳо ба буҷетро ба таври назаррас кам карда метавонанд, зеро ҳудуди 70%-и даромади буҷет аз ҳисоби пардохти андозҳо ба даст оварда шуда, андозбандии маҳсулоти нафтӣ қисмати назарраси воридоти маблағ аз пардохти андозҳоро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...