Вазорат: Наққошии Ҳакимов ва лавҳаи хотиравии Малика Собироваро коршиносон бармекананд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Мутахассисони шуъбаи ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба баркандани наққошии барҷаста (барелйеф) дар девори хонаи 66 воқеъд ар кӯчаи Рӯдакӣ оғоз карданд.

Бинокор – ширкати “Шоҳ Палас” ба Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, дархост кардааст, ки барои барчидани 4 панно (лавҳаи бонақшу нигор ва гаҷкоришуда дар сақф ва девори бино) ва лавҳаи хотиравии ҳунарманди маъруфи балет Малика Собирова, ки арзиши баланди фарҳангӣ доранд, мутахассисонро фиристад.

Дар ин шуъбаи Вазорат ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки наққошии барҷаста дар хонаи мавриди тахриб қарордошта аз ҷониби рассом-кулолгари маъруф Неъмат Ҳакимов (1944-2017, Екатеринбург) офарида шудааст.

Вазорати фарҳанг тасмим гирифтааст, ки корҳои таъмир ва аз нав барқарор кардан (реставратсия)-и онҳоро ба уҳдаи Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн вогузор кунад.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи шоҳидон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, барои баркандан Донишкада донишҷӯёни хому камтаҷрибарои фиристодааст, ки ба ивази баркандан бештар наққоширо тахриб кардаанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дарҳол аксҳои кори баркандани тахрибовар нашр шуд.

Пас аз сарусадоҳои сокинон таҳти сарварии сардори шуъбаи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ Мирзошариф Абдусаломов ва ҳайкалтароши таҷрибадор Маҳмуд Бобоев як гурӯҳи мутахассисон назди бино ҳозир шуданд.

Онҳо ба баркандани наққошӣ ва лавҳа оғоз намуда, ваъда доданд, ки ба ин асарҳои таърихӣ осебе расонида намешавад. Шояд, ба ҷуз оне, ки аллакай расонида шудааст…

Пас аз дубора барқарор кардан наққошии барҷаста ҳамчун мероси таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон баъдан дар ҷойи таъингардида гузошта мешавад.

Лавҳаи хотиравии Малика Собирова назди даромадгоҳи театри опера ва балет гузошта хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...