Вазорати маориф: таҳсил дар мактабҳо то 14 давом мекунад, то ҳол тағйире нест

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ки имсол таҳсили хонандагон дар мактабҳо то 14 июн давом мекунад ва то кунун дар ин росто ҳеҷ тағйироте сурат нагирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз падару модарони хонандагон аз ин тасмими Вазорати маориф нигаронӣ кардаанд.  Ин падару модарон мегӯянд, ки дар мавриди хатми соли таҳсил сару садоҳои гуногун  вуҷуд дорд. Бархеҳо мегӯянд, соли таҳсил 25-уми май  ба охир мерасад бархеҳо 14-уми 23-юми июн. Бархе аз волидайн дар ин бора ба "Азия-Плюс" муроҷиат кардаанд. 

Яке аз муроҷиаткунандагон, сокини шаҳри Хуҷанд дар суҳбат гуфт, ки дар маҷлиси падару модарон ба онҳо гуфтаанд, ки хонандагони мактаб то 24 июн таҳсил хоҳанд кард. Вале ба гуфтаи ҳамсуҳбатамон  волидон аз он нигаронанд, ки моҳи июн барои истироҳати фарзандонашон пешбинӣ шудааст, на барои таҳсил.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сару садоҳои бархоста дар бораи ба  таътили тобистона равон кардани хонандагони мактабҳоро дар моҳи май ё дигар овозаҳоро беасос медонад.

Тавре аз Вазорати маориф ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ҳоло ҳар гуна  овозаҳо дар мавриди таътили тобистона вирди забонҳост, аммо  ҳанӯз маълум нест, ки толибилмон кай ба таътили тобистона фиристода мешаванд.

«Овозаҳо дар бораи ба таътили тобистона баромадани мактаббачагон дар моҳҳои май ё июн паҳн шудаанд. Айни замон маълум нест, ки таътили тобистона кай сар мешавад ва дар низомномаи таълим тағйироте  низ ворид нашудааст. Ва тавре шумо медонед, солҳои қаблӣ толибилмон то 14 июн таҳсил мекарданд ва ҳоло ин тағйир наёфтааст. Таътили тобистонаи имсола низ кай оғоз меёбад, то ҳол чизе тағйир наёфтааст».

Ҳамзамон дар ниҳоди мазкур гуфта шуд, ки то ҳол фармоиш дар бораи таътили тобистона барои хонандагони мактабҳои миёна содир нашудааст. «Рӯзҳои наздик мо ба хонандагон дар бораи кай оғоз шудани таътили тобистона маълумоти пурра пешниҳод мекунем", мегӯянд дар Вазорат.

Бояд гуфт, ки дар гузашта низ волидон аз таҳсили фарзандони худ дар гармои тобистон нигарон буданд, аммо Вазорати маориф ҳамоно дарсҳоро бетағйир гузоштааст.

Ёдовар мешавем, ки аз соли таҳсили 2010-2011 сар карда, мактаббачагони Тоҷикистон дар фасли тирамоҳ ва баҳор аз истироҳат маҳрум шуда, аммо онҳо дар давоми таътили зимистона дар давоми як моҳ – моҳи январ истироҳат мекарданд.

Дар соли 2018 бошад ба мактаббачагон таътили тирамоҳӣ ва баҳориие, ки чанд сол боз аз он маҳрум буданд, баргардонида шуд ва таътили зимистона кам карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...