Қарзи корхонаҳои Тоҷикистон аз ММД-и кишвар зиёд шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қарзи кредитории корхонаву ташкилотҳои ҳисоботдиҳандаи Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли равон ба ҳудуди 88,3 млрд сомонӣ (7,8 млрд доллар) расид, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

То аввали соли 2020 қарзи умумии корхонаву ташкилотҳои кишвар 66,3 млрд сомониро ташкил медод.

Ба ин тариқ, қарзи ташкилоту корхонаҳо дар соли 2020 ба андозаи 33% ё худ 22 млрд сомонӣ (қариб 2 млрд доллар) афзуд.

Ҳаҷми афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ дар соли гузашта 4,5% – то 82,5 млрд сомонӣ (7,3 млрд доллар)-ро ташкил дод.

Ҳиссаи ташкилоту корхонаҳои зиёновар ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ ба 25,5% расида, ин корхонаҳо асосан дар соҳаи саноати коркард, инчунин сохтмону нақлиёт ва бахши алоқа фаъолият доштанд.

Корхонаҳои зиёновар бо шумули ШСКХ “Барқи тоҷик”, ҶСК “Тоҷик Эйр”, ҶСК “Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе”, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” дар номгӯйи “корхонаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ” зикр шудаанд.

Раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода моҳи феврали ҳамин сол 7 корхонаҳои аз ҳама зиёд қарздорро аз рӯйи пардохти андоз номбар кард:

«Тоҷиктелеком» (86 млн сомонӣ);

НБО РОғун (67 млн сомонӣ);

«Ширкати алюминии тоҷик» (38 млн сомонӣ);

НБО «Сангтӯда – 1» (36 млн сомонӣ);

Фурудгоҳи Душанбе (31 млн сомонӣ);

«Талко Ресурс» (17 млн сомонӣ);

«Алюминсохтмон» (16 млн сомонӣ).

Ҳукумат ҳанӯз соли 2019 ба Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳои марбута дастур дода буд, ки дар мавриди кам кардани қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатӣ чораҷӯйӣ шавад.

Бо ин мақсад Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масоили идоракунии хавфҳои молиявии корхонаҳои давлатӣ таъсис дода шуд.

Ин мақомоти нави машваратии назди ҳукумат бо мақсади ҳимоя аз манфиатҳои молиявӣ ва амволӣ, ҷорӣ кардани идоракунии маъмурӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои давлатӣ, ки ҳиссаи давлат дар онҳо беш аз 50%-ро ташкил медиҳад, таъсис дода шуд.

Айни замон ҳудуди 800 корхона бо сармояи давлатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбатан бузургтаринашон байни онҳо бо сармояи зиёди давлат инҳо мебошанд: ҶСК «Ширкати алюминии тоҷик» (100%), ҶСК «Роғун» (95%), ҶСК «Тоҷиктелеком» (95%), воҳидҳои «Барқи тоҷик» (100%), ҶСК «Тоҷиктрансгаз» (100%), ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» (100%), ҶСК «Тоҷик Эйр» (100%), ҶСК «Сементи тоҷик» (100%).

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.