Раиси КДАМ Қирғизистон дар назди сокинони эътирозгар қасам хӯрдааст, ки баҳси марзиро ҳал мекунад

Дар ноҳияи Қаро-Суи Қирғизистон сокинони деҳаи Интимак алайҳи додани 50 га замин ба обанбори Кампирободи вилояти Андиҷони Ӯзбекистон, даст ба эътироз заданд, хабар медиҳад 24.kg. Сокинони ин деҳа дар теппаҳои наздики обанбор чор хайма насб кардаву парчами Қирғизистонро боло кардаанд. Ширкаткунандагони иқдоми эътирозӣ хостори мулоқот бо Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон шуданд, ки раиси комиссияи байниҳукуматии таъину […]

Asia-Plus

Дар ноҳияи Қаро-Суи Қирғизистон сокинони деҳаи Интимак алайҳи додани 50 га замин ба обанбори Кампирободи вилояти Андиҷони Ӯзбекистон, даст ба эътироз заданд, хабар медиҳад 24.kg.

Сокинони ин деҳа дар теппаҳои наздики обанбор чор хайма насб кардаву парчами Қирғизистонро боло кардаанд. Ширкаткунандагони иқдоми эътирозӣ хостори мулоқот бо Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон шуданд, ки раиси комиссияи байниҳукуматии таъину аломатгузории минтақаҳои гуногуни марзӣ мебошад. Ин комиссия  охири моҳи март бо ҷониби Ӯзбекистон санади табодули ҳудудҳои баҳснокро мувофиқа карда буд, ки тибқи он 50 га замини Қаро-Су ба обанбори Кампиробод мегузашт. 

Тошиев 19 апрел барои мулоқот ба сокинони ин деҳа омад ва дар рафти суҳбат талош кард ширкаткунандагони эътирозро мутақоид кунад, ки заминро бояд ба кишвари ҳамсоя медодем ва Қирғизистон аз ин танҳо ва танҳо бурд кардааст. "Барои мардуми мо ин санад фоидаовартарин аст. Мо барои ин гуна тасмим гирифтан далел доштем. Бояд мушкили сокинони минтақаҳои дигари ҳудудҳои баҳсиро ҳал мекардем",- гуфтааст Тошиев.

Бино ба навиштаҳои расонаҳои қирғизӣ, Тошиев бо вуҷуди овардани далелҳои зиёд натавонистааст, ки сокини даст ба эътироззадаро мутмаин кунад, аз ин рӯ ваъда кардааст, ки барои тағйири санад бо ҷониби Ӯзбекистон гуфтугӯ мекунад. 

"Ман талош мекунам, ки ба онҳо на 50 га, балки 20 га пешниҳод кунем. Барои ин ман бояд ба Тошканд биравам ва музокира кунем. Ба ҷойи ин 20 га мо мавзеъе дар ноҳияи дигар, шояд дар наздикиҳои Узген бигирем. Ман талош мекунам, хуб? Боқӣ кори Худо",- гуфтааст Тошиев.

Сокинон аз Тошиев хостаанд, ки қасам бихӯрад ва Тошиев ҳам савганд хӯрдааст, – хабар медиҳад Kaktus.media. Рӯзноманигорон аз Тошиев пурсидаанд, ки оё Тошканд ба ин пешниҳод розӣ мешавад, Тошиев гуфтааст, ки ҳаммтоёни ӯзбекамон дарк хоҳанд кард. 

26-уми март Тошиев эълон карда буд, ки кишвараш бо Ӯзбекистон тамоми баҳси марзиро нуқта гузошт. Қирғизистон бо Ӯзбекистон 1,38 ҳазор км марзи муштарак дорад. Баъди пошхӯрии  Шӯравӣ дар ин марз ҳазорон нуқтаҳои баҳсӣ пайдо шуд, ки ин баҳсҳо давоми 30 сол идома дошт. Ҷонибҳо аз соли 2017 бар сари таъину аломатгузории марз ба таври ҷиддӣ кор карданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.