Ронандаи гунаҳкор ба бандшавии роҳ дар бозори “Корвон” огоҳии қатъӣ гирифт

Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ронадаи автомашинаи тамғаи «Лексус»-ро, ки “қаҳрамон”-и шабакаҳои иҷтимоӣ шуд, ба ҷавобгарӣ ҷалб кард. Дар навори видеоии шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки дар роҳи шафати бозори “Корвон” автомашинаи “Лексус” нодуруст ба таваққуф гузошта шудааст. Гуфта мешавад, ин амали ронанда, ки мошинро чунин гузоштаву пайи харидорӣ рафтааст, ба банд гардидани роҳ […]

Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ронадаи автомашинаи тамғаи «Лексус»-ро, ки “қаҳрамон”-и шабакаҳои иҷтимоӣ шуд, ба ҷавобгарӣ ҷалб кард.

Дар навори видеоии шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки дар роҳи шафати бозори “Корвон” автомашинаи “Лексус” нодуруст ба таваққуф гузошта шудааст.

Гуфта мешавад, ин амали ронанда, ки мошинро чунин гузоштаву пайи харидорӣ рафтааст, ба банд гардидани роҳ ва тамбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла автобуси мусофирбар боис гардида, инчунин ба садҳо нафар мардум мушкил эҷод кардааст.

Пас аз нашри навори видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ, кормандони милитсияи пойтахт муайян карданд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи«Лексус», рақами давлатиаш 2777МА01 сокини 54-солаи деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб Бахтиёр Сулаймонов мебошад.

Зикр мегардад, ки вобаста ба ин нисбати шаҳрванд Бахтиёр Сулаймонов протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати минбаъд ба чунин амали ғайриқонунӣ даст назадан ба таври қатъӣ огоҳонида шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.