Ба Тоҷикистон боз як ваксинаи дигар аз COVID-19 меоранд – аз Чин

Дар рӯзҳои наздик ҳукумати Чин 150 ҳазор воя  ваксинаи CoronaVac -и ширкати Sinovac-ро ба Тоҷикистон интиқол медиҳад. Дар ин бора ба Азия-Плюс роҳбари Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров хабар дод. Вай гуфт, ки  масъалаи ворид гардидани ваксина дар сатҳи ҳукуматҳои ду кишвар ҳалли худро пайдо намуда, он ба Тоҷикистон дастрас мешавад. «Рӯзи дақиқи […]

Дар рӯзҳои наздик ҳукумати Чин 150 ҳазор воя  ваксинаи CoronaVac -и ширкати Sinovac-ро ба Тоҷикистон интиқол медиҳад. Дар ин бора ба Азия-Плюс роҳбари Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров хабар дод.

Вай гуфт, ки  масъалаи ворид гардидани ваксина дар сатҳи ҳукуматҳои ду кишвар ҳалли худро пайдо намуда, он ба Тоҷикистон дастрас мешавад.

«Рӯзи дақиқи ворид кардани ваксина ба Тоҷикистон ҳанӯз маълум нест, аммо дар рӯзҳои наздик он ба кишвари мо интиқол дода мешавад, – гуфт Ҷаъфаров. – Ва ин, албатта, ба дараҷаи омода шудани ваксина аз ҷониби Чин ва таъмини нақлиёти ҳавоӣ аз ҷониби Тоҷикистон вобаста аст".

Ҷаъфаров инчунин изҳор намуд, ки пас аз гирифтани ваксина, эмгузаронӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ оғоз мешавад.

«Чун то ба ҳол ваксина танҳо дар Душанбе гузаронида мешавад. Ва дар дигар минтақаҳо, ба навбат, эмгузаронии кормандони тиб ва дигарҳо оғоз мешавад», – илова кард сардори Хадамоти санитариву эпидемиологии Вазорат.

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон масъалаи таъминот бо ваксинаи русии Sputnik-V дар сатҳи ҳукуматҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дорад. Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар Тоҷикистон ба аҳолӣ ваксинаи AstraZeneca гузаронида мешавад, ки дар Ҳиндустон истеҳсол шудааст.

Қобили зикр аст, ки эмгузаронӣ аз ваксинаи коронавирус дар Тоҷикистон рӯзи 23 март оғоз ёфт. Афроди эмкарда ду дозаи ваксинаи Astra-Zeneca-ро байни фосилаи ду моҳ мегиранд.

Дар маҷмӯъ, тибқи барномаи COVAX Тоҷикистон, 192 ҳазор доза ваксинаи Astra-Zeneca гирифт. Тибқи ҳамин барнома, бояд 20% аҳолии кишвар – 1,8 миллион нафар эм карда шаванд.

Дар навбати аввал гурӯҳи осебпазир, яъне кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф ва як қатор дигар соҳаҳои иҷтимоӣ ваксина мегиранд. Ҳамзамон зикр мешавад, ки ваксинагирӣ ройгон ва ихтиёрӣ аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.