Душанбе ва Кобул ҳаҷми гардиши савдоро 2 баробар афзуданианд

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, зимни мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода изҳор дошт, ки таъмини амнияту оромии минтақаи Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама, ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ва эҷоди шароити […]

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, зимни мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода изҳор дошт, ки таъмини амнияту оромии минтақаи Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама, ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ва эҷоди шароити мусоид барои рушди осоиштаи он вобастагӣ дошта, аз ин рӯ, ҳамкорӣ бо Афғонистон дар феҳристи авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дорад.

Зокирзода таъкид дошт, ки Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи дӯсти Афғонистон талош меварзад, то ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишварро, аз ҷумла дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, ба сатҳи боз ҳам баландтар барорад ва дар ин раванд афзоиши муомилоти тиҷорати ҷонибҳо аз аҳамияти хосса бархӯрдор аст.

“Мо кӯшиш хоҳем кард, ки дар ояндаи наздик, сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои беруна, аз ҷумла оқибатҳои пандемияи COVID-19, нишондиҳандаҳои тиҷорати дуҷонибаро дучанд зиёд кунем”, – гуфт Зокирзода.

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон зикр кард, ки имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон беш аз 500 донишҷӯи афғон таҳсил мекунанд.

“Дар тамоми давраи соҳибистиқлолии давлати мо зиёда аз як ҳазор шаҳрванди Афғонистон риштаҳои гуногуни донишгоҳҳои Тоҷикистонро хатм карда, соҳиби ихтисос гардидаанд”, – иброз дошт Зокирзода.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин доир ба тақвияти муносибатҳои байнипарлумонии кишварҳо изҳори назар карда, инчунин атрофи ҳамкориҳои гуногунсоҳа, аз ҷумла равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетика, роҳу коммуникатсия, фарҳанг ва муносиботи зичи минтақаҳои наздисарҳадӣ табодули назар сурат гирифт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.