Ёвон: духтарча ғарқ шуду модарашро хонандаи мактаб наҷот дод

Ин ҳодисаи фоҷеабор дар деҳаи Сабзазори ноҳияи Ёвон рух дода, 18-уми апрел як модари ҷавон ҳамроҳи духтарчаи духтарчаи 6-солаааш ба канали деҳа барои обгирӣ меравад. Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, замоне, ки модар об мегирифт, духтарча ба оби канал сарозер мешавад. “Модари ҷавон, ки 26 сол беш надорад, саросемавор худро ба об мезанад. […]

Ин ҳодисаи фоҷеабор дар деҳаи Сабзазори ноҳияи Ёвон рух дода, 18-уми апрел як модари ҷавон ҳамроҳи духтарчаи духтарчаи 6-солаааш ба канали деҳа барои обгирӣ меравад.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, замоне, ки модар об мегирифт, духтарча ба оби канал сарозер мешавад.

“Модари ҷавон, ки 26 сол беш надорад, саросемавор худро ба об мезанад. Аммо мавҷи хурӯшон тифло бурда буд. Модар ҳар қадар, ки талош кард, натавонист ба фарзандаш расад ва қариб буд риштаи ҳаёташ канда шавад”, – омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, дар ҳамин ҳол хонандаи синфи 11 МТМУ №52, сокини ҳамин деҳа ҳолро дидаву худро ба об меандозад ва модари тифлро наҷот медиҳад.

Ҷасади духтарча пас аз як рӯз тақрибан 500 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса дарёфт шуда, ба хешовандонаш супурда шудааст.

Бино ба маълумоти КҲФ Тоҷикистон, аз оғози соли 2021 дар дарёву кӯл ва обанборҳои кишвар 16 нафар ҳалок шуданд, ки 4 нафарашон кӯдакон мебошанд. Соли 2020 дар Тоҷикистон 107 нафар ғарқ шуда буданд, ки 33 нафарашонро кӯдакони синни аз 4 то 17-сола ташкил медоданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.