Талошҳои шаҳрдории Душанбе баҳри ба эътидол овардани нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ

Дар бозорҳои «Меҳргон», «Саховат», «Деҳқон», инчунин «Боғи ҷавонон» ярмаркаҳои доимо амалкунанда оид ба фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ ба кор оғоз намуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳрдории пойтахт Қурбоналӣ Раҳмон. Бино ба гуфтаи ӯ, бо супориши раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар ярмаркаҳое, ки то охири сол ҳамарӯза фаъолият мекунанд, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар бозорҳои «Меҳргон», «Саховат», «Деҳқон», инчунин «Боғи ҷавонон» ярмаркаҳои доимо амалкунанда оид ба фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ ба кор оғоз намуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳрдории пойтахт Қурбоналӣ Раҳмон.

Бино ба гуфтаи ӯ, бо супориши раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар ярмаркаҳое, ки то охири сол ҳамарӯза фаъолият мекунанд, масоили нархгузорӣ, сифати маҳсулоти ба фурӯш гузошташуда, меъёрҳои беҳдоштӣ ва бехатарии истеъмоли маҳсулот қатъиян риоя мешаванд.

Қурбоналӣ Раҳмон изҳор дошт, ки фаъолияти ярмаркаҳо аз ҷониби кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, шаҳрдории пойтахт ва хадамоти санитарӣ-эпидемиологӣ назорат карда мешавад.

Ярмаркаҳо аз ҷониби шаҳрдории Душанбе бо мусоидати Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ва ҷалби деҳқонони вилоятҳои Суғду Хатлон ва навоҳии тобеи марказ ташкил карда шудааст.

Дар дастгоҳи раиси пойтахт гуфтанд, ки ба наздикӣ ташкили чунин ярмаркаҳо дар дигар нуқтаҳои шаҳр низ дар назар аст.

Ғайр аз ин, бо дастури раиси пойтахт давоми сол дар остонаи ҳамаи идҳо дар ҳамаи бозорҳои шаҳр ярмаркаҳои муваққатӣ оид ба фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархҳои дастрас ташкил карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.