Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт маҷмааи нави истиқоматӣ сохта мешавад

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе дар бораи лоиҳаи ангоравии сохтмони маҷмааи биноҳои нави истиқоматии баландошёна ба ҷойи хонаҳои дуошёна дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ (собиқ ноҳияи Октябр, қаламрави Водонасосная), ки тахриб мешаванд, маълумот дод.

Дар бурриши хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Умари Хайём маҷмааи биноҳои истиқоматӣ бо ҷойгир кардани муассисаи томактабӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ бунёд мегардад, хабар дода мешавад дар саҳифаи "Архитектура Душанбе" дар Facebook.

Як манбаи “Азия-Плюс” дар Сарраёсати мазкур хабар дод, ки ангораи лоиҳа бар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 7 апрел (№195) аз ҷониби тарроҳон (дизайнерон)-и ватанӣ таҳия шудааст.

“Таҳияи лоиҳа минбаъд идома ёфта, он аз ташхиси давлатӣ мегузарад ва сипас бояд қарори раиси шаҳрро дар бораи иҷозаи сохтмон гирад. Дар назар аст, ки қисмати аввали маҷмааи воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ тибқи нақша, бояд то ҷашни 30-солагии Истиқлолият ба анҷом расонида шавад”, – гуфт манбаъ.

Лоиҳа дар ҷойи хонаҳои истиқоматии кӯҳна, ки дар тарафи рости чорроҳаи мавзеи Водонасосная ҷойгир аст, амалӣ мешавад.

“Пас аз чорроҳаи Водонасосная ба самти “Душанбе арена” якчанд хонаҳои дуошёна ҷойгиранд, ки муҳлати истифодаашон ба охир расидааст. Онҳо тахриб (кӯчонида) мешаванд”, – иброз дошт манбаъ.

Ҳамчунин чанд рӯз пеш Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар саҳифааш дар Facebook дар бораи сохтмони муассисаи таълимии томактабии “Меҳри Модар” хабар дод. Дар он ҷо муҷассамаи Модар гузошта мешавад.

“Меҳри модар” дар кӯчаи Н.Махсуми ноҳияи Сино сохта шуда, барои 1200 нафар таълимгирандагон пешбинӣ шудааст. Лоиҳа аз ҷониби КВД ПИЛ “Строительство и архитектура” (Сохтмон ва меъморӣ) таҳия шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.