Кордзании ду нафар дар Хистеварз: яке як бору дигаре 12 бор корд задааст

Asia-Plus

Ду сокини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар сари якдигар корд кашидаанд, ки дар натиҷа яке аз онҳо бо 12 захми корд дар беморхона дар ҳолати вазнин бистарӣ шудааст.

Бино ба иттилои ВКД ин ҳодиса 18-уми апрел соати 20.30 дақиқа рух додааст. 

"Рӯзи 18-уми апрели соли 2021, тахминан соати 20:30-дақиқа, марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур дар дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи «Опел-Зафира», бо ҷавони 18-солаи сокини ҳамин ҷамоат ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ ба қисми рони пойи чапаш 1-маротиба задааст. Сипас, ҷавони 18-сола ба марди 32-сола дарафтода, бо истифодаи зӯроварӣ кордро аз дасти ӯ кашида гирифта, 12-маротиба ба аъзои баданаш задааст",- хабар додааст ВКД.

ВКД гуфтааст, ки ҷавони 18-солае, ки 12 маротиба корд задааст айни ҳол боздошт шуда ва алайҳи ӯ бо моддаи 32 қисми 3 ва 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.