Радабандии олимпи ҷудочиёни тоҷик: Сомон Маҳмадбеков дар бистгонаи имтиёздорҳо

Федератсияи ҷаҳонии ҷудо радабандии нави ҷудочиёни ҷаҳонро нашр кард, ки Сомон маҳмадбеков дар садри рӯйхати ҷудокорони Тоҷикистон қарор дорад. Ҳамчунин Сомон бо 3580 имтиёз дар радабанди олимпӣ дар мақоми 15-уми бистгонаи имтиёздорони вазни -73 кг қарор  гирифтааст. Тибқи муқаррароти  Федератсияи ҷаҳонии ҷудо паҳлавононе, ки дар сабқатҳои ҷаҳонӣ имтиёзи олимпӣ ба даст овардаанду дар бистгонаи ҳар […]

Федератсияи ҷаҳонии ҷудо радабандии нави ҷудочиёни ҷаҳонро нашр кард, ки Сомон маҳмадбеков дар садри рӯйхати ҷудокорони Тоҷикистон қарор дорад. Ҳамчунин Сомон бо 3580 имтиёз дар радабанди олимпӣ дар мақоми 15-уми бистгонаи имтиёздорони вазни -73 кг қарор  гирифтааст.

Тибқи муқаррароти  Федератсияи ҷаҳонии ҷудо паҳлавононе, ки дар сабқатҳои ҷаҳонӣ имтиёзи олимпӣ ба даст овардаанду дар бистгонаи ҳар вазн қарор гирифтаанд, роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст меоранд.

Аз Тоҷикистон ҳоло танҳо ду варзишгар Сомон Маҳмадбеков ва Комроншоҳ Устопириён дар бистгонаи вазнҳои худ қарор гирифтаанд. Комроншоҳ бо 2784 имтиёз дар мақоми 20-уми бистгонаи вазни -90 кг қарор дорад. Паҳлавони сангинвазни тоҷик Темур Раҳимов бо касби 3009 имтиёз як зина болотар аз бистгона, дар мақоми 21-ум қарор дорад. 

Дар радабандии олимпӣ мақоми ҷудокорони дигари тоҷик: Беҳрӯз Хоҷазода бо 2796 мақоми 25-ум, Акмал муродов бо 1024 мақоми 51-ум, Шакармамад Мирмамадов бо 892 имтиёз дар мақоми 51-ум ва Шаҳбоз Саидаброров бо 876 мақоми 57-умро гирифтаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".