Кордзании ду нафар дар Хистеварз: яке як бору дигаре 12 бор корд задааст

Ду сокини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар сари якдигар корд кашидаанд, ки дар натиҷа яке аз онҳо бо 12 захми корд дар беморхона дар ҳолати вазнин бистарӣ шудааст. Бино ба иттилои ВКД ин ҳодиса 18-уми апрел соати 20.30 дақиқа рух додааст.  "Рӯзи 18-уми апрели соли 2021, тахминан соати 20:30-дақиқа, марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти […]

Ду сокини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар сари якдигар корд кашидаанд, ки дар натиҷа яке аз онҳо бо 12 захми корд дар беморхона дар ҳолати вазнин бистарӣ шудааст.

Бино ба иттилои ВКД ин ҳодиса 18-уми апрел соати 20.30 дақиқа рух додааст. 

"Рӯзи 18-уми апрели соли 2021, тахминан соати 20:30-дақиқа, марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур дар дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи «Опел-Зафира», бо ҷавони 18-солаи сокини ҳамин ҷамоат ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ ба қисми рони пойи чапаш 1-маротиба задааст. Сипас, ҷавони 18-сола ба марди 32-сола дарафтода, бо истифодаи зӯроварӣ кордро аз дасти ӯ кашида гирифта, 12-маротиба ба аъзои баданаш задааст",- хабар додааст ВКД.

ВКД гуфтааст, ки ҷавони 18-солае, ки 12 маротиба корд задааст айни ҳол боздошт шуда ва алайҳи ӯ бо моддаи 32 қисми 3 ва 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".