Сафири Эрон: Паёми эътидолии Саъдӣ посӯхгӯйи хушунату ифроти дунёи имрӯз аст

Asia-Plus

Сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ зимни як паёми табрикӣ ба муносибати Рӯзи Саъдӣ, ки ҳамасола 21-уми апрел таҷлил мешавад, гуфтааст, ки "бидуни шак паёмҳои эътидолӣ, инсондӯстона ва ахлоқмеҳвари Саъдӣ посухгӯи ҷаҳони окандаву хаста аз хушунату ифротгароии имрӯз аст".

Собирӣ аз Саъдии Шерозӣ ба унвони яке аз панҷ шоири тирози аввали забони форсӣ ном бурда, гуфтааст ин рӯзро ба тамоми алоқамандони Саъдии бузург, ба вежаи ҳамватанони эронӣ ва мардуми ҳамкешу ҳамтабори тоҷик ва ҳамаи асҳоби адаб, ҳунар, фарҳангу маърифат табрик мегӯям.

"Ин шоир ва нависандаи бузурги порсигӯйи эронӣ бо ашъор ва насри зебову фасеҳ, андешаҳои сутург ва маорифи инсонӣ ва исломиро ба ҷаҳон арза ва то абад ҷовидона шуд. Саъдӣ бидуни тардид яке аз панҷ шоири тирози аввали забони порсӣ аст, ки чаҳортани дигарро касоне ҳамчун Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Мавлавӣ  ва Ҳофиз  ташкил медиҳанд", – гуфтааст сафири Эрон.

Ин дипломати эронӣ гуфтааст, ки густурдагӣ ва гуногунии осори Саъдӣ ӯро дар таърих ба унвони яке аз суханварони бузург маъруф карда, "ҳузури ҳамешагии вай дар миёни мардуму омезиши ӯ бо гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоъ, он ҳам ҷомеае фаротар аз марзҳои Эрон ва ҳатто маҳдудаи ҷуғрофиёии порсизабонон, таҷорибу огоҳие дар пай дошта ва ҳаловате ба каломи Саъдӣ бахшида, ки ҳеҷ гӯше онро бегона намеёбад ва ҳамагон шефтаву маҷзуби он  мешаванд".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.