“Сомон Эйр” ба Тошканд хатсайри дуюмро роҳандозӣ кард

Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” эълон кард, ки ба масири Душанбе-Тошканд-Душанбе боз як хатсайр (ҳамагӣ – 2 хатсайр) илова мекунад.

Аз ин ба баъд парвозҳо бо ин хатсайр ду маротиба дар як ҳафта анҷом дода мешаванд: вақти парвоз рӯзи душанбе аз Душанбе – соати 09:30 ва аз Тошканд – 11:50 бо вақти маҳаллӣ; вақти парвоз рӯзи ҷумъа аз Душанбе – соати 09:20 ва аз Тошканд – соати 11:20 бо вақти маҳаллӣ, хабар медиҳад дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ.

Арзиши билет ба ин хатсайрҳо аз 1783 сомонӣ муқаррар шудааст.

Таъкид мешавад, ки мувофиқи қоидаҳои навшудаи Ӯзбекистон, мусофирони синни аз 2-сола боло ки аз хориҷа меоянд, бояд бо худ маълумотнома (справка) дар бораи сироят надоштан аз коронавирус (бо методи ПЦР)-ро, ки тайи 72 соати охир бо натиҷаи манфӣ бо забони русӣ ва англисӣ дода шудааст, дошта бошанд.

Мусофирон бе натиҷаи тест, ки мутобиқи талабот ба расмият дароварда шудааст, ба хатсайри самти Ӯзбекистон роҳ дода намешаванд. Ғайр аз ин, шахсон бо аломати COVID-19 ва натиҷаи мусбати ПСР-тест низ ба парвоз роҳ дода нахоҳанд шуд.

Ширкати ҳавопаймоӣ зикр мекунад, ки мусофироне, ки ба Душанбе меоянд, бояд маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (ПСР-тест)-ро, ки давоми 72 соат пеш аз вуруд дода шудааст, пешниҳод намоянд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд.

Барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки азми сафар аз Тошканд ба Душанберо доранд, доштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ҶТ (Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии вируси COVID-19 дар ҶТ) барои вуруд ба қаламрави Тоҷикистон, раводид (агар лозим бошад) ва маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (ПСР-тест), ки давоми 72 соат пеш аз вуруд ба Тоҷикистон дода шудааст, зарур мебошад.

Ба шаҳрвандони Ӯзбекистон, инчунин шаҳрвнадони Русия, АМА, Туркия, Қазоқистон ва Русия, ки тариқи роҳҳои ҳавоӣ ба Тоҷикистон меоянд, доштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ҶТ барои вуруд ба қаламрави кишвар лозим нест.

Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои бемории COVID-19 доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Тибқи талабот, кулли мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Барои дарёфти маълумоти муфассал дар бораи харидани билетҳо ба маркази хидматрасонии ширкат муроҷиат карда метавонед:

+992 (93) 777 74 59,

+992 (44) 640 40 49,

+992 (44) 640 40 50,

[email protected],

Ба намояндагии ширкати ҳавопаймоӣ дар Тошканд, ширкати«APG UZBEKISTAN»:

+998 (71) 120 88 75,

Инчунин Агентии алоқаи ҳавоӣ:

+992 (93) 501 24 24,

+992 (90) 741 14 13,

+992 (98) 102 00 20,

+992 (93) 777 71 13,

+992 (98) 836 14 41.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...