«ОРТЕКС»: фаъолияти қариб ягона коргоҳи ҷинсдӯзӣ дар Тоҷикистон

Asia-Plus

Ин дафъа мо аз корхонаи “ОРТЕКС” боздид намудем. Дар қаламрави масоҳаташ 1000 метри мураббаъи ин корхона ҳамагӣ 25 нафар кор мекунанд. Метавон гуфт, ин ягона корхона дар Тоҷикистон аст, ки дар он сарулибоси хушсифат аз матои ҷинс бо “кафолати рангашро гум накардан дар муддати панҷ сол” истеҳсол мешавад.

Ин коргоҳи начандон бузург чӣ гуна фаъолият мекунад? Кӣ ба онҳо дар таъсиси корхона аз лиҳози молиявӣ кумак кард? Ҷавоб ба ин саволҳо дар гузориши навбатии мо.

“Азия-Плюс” лоиҳаи видеоиро таҳти унвони Made in Tajikistan роҳандозӣ кард. Ровии мо – блогери шинохта Рафаэл Гулов аз корхонаҳои бузург ва хурди кишварамон, ки ба рушди иқтисод саҳм мегузоранд, боздид мекунад. Ӯ дар видеогузориши худ маълумот медиҳад, ки ин корхонаҳо чӣ истеҳсол мекунанд, киҳо фаъолият менамоянд ва ба куҷо маҳсулоти худро мефиристанд. Мо ҳам истеҳсолот дорем ва дар он одамони зиёд кор мекунанд!

Шарики кулли лоиҳаи мо яке аз ширкатҳои соҳибтаҷриба дар соҳаи тарроҳӣ ва бунёди иншооти энергетикӣ – ҶСП “ТАДЭС” мебошад. ТАДЭС” – 81 сол дар саргаҳи сохтмони саноатӣ.

Шарики расмии лоиҳа Фонди ҷамъиятии Accelerate Prosperity (“Соҳибкорӣ ва рушд”) – бизнес-инкубатор мебошад, ки барои оғоз бахшидани лоиҳаҳо ба маблағи то 50 ҳазор доллар кумак мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...