Баррасии сохтмони қитъаи нави роҳи оҳан байни Тоҷикистону Ӯзбекистон

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон 21 апрел вохӯрии ҳайатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба баррасии масъалаҳои марбут ба соҳаи нақлиёт доир гардид, ки дар он кормандони масъули хадамоти гумрук ва сарҳадбонии ҳар ду кишвар иштирок карданд.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни ҷаласа ҳайатҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, доир ба масоили рушди долони нақлиётии “Ӯзбекистон – Тоҷикистон – Чин”, барқарорсозии фаъолияти гузаргоҳи байнисарҳадии “Ҳаштяк – Бекобод”, электрификатсиякунони қитъаи роҳи оҳани “Бекобод (Ӯзбекистон) Спитамен – Истиқлол (Тоҷикистон), сохтмони роҳи оҳани нав дар қитъаи “Панҷакент (Тоҷикистон) – Булунғур/Ҷамбой (Ӯзбекистон), зиёд намудани ҳаҷми боркашонии транзитӣ тавассути роҳи оҳан қитъаи “Бекобод – Истиқлол” ва дигар масъалаҳои ҷойдошта тавофуқ ҳосил шуд.

Зикр мегардад, ки дар натиҷа, бо мақсади густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, инчунин андешидани тадбирҳо дар ҳамбастагӣ, аз тарафи ҷонибҳо протоколи дахлдор  ба имзо расид.

Ёдрас мекунем, ки 21 апрел як гурӯҳи сершумори намояндагони ҳукумати Ӯзбекистон дар ҳайати муовинони вазирони сохтори иқтисодии ҳукумати Ӯзбекистон ба Душанбе омаданд. Меҳмонон ҳамроҳи ҳамтоёни тоҷики худ ба корҳои омодакунии лоиҳаи санадҳо, ки аз рӯйи натиҷаҳои сафари сарвари давлати Ӯзбекстон ба Душанбе аз имзояшон интизорӣ меравад, оғоз мекунанд.

Сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов 24 апрел дар Хуҷанд вохӯрда, ҷараёни корҳои омодагиро ба сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Душанбе, инчунин маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳо байни кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...