Садамаи нақлиёт дар Дӯстӣ: 2 нафар ҳалоку 10 кас бистарӣ шуданд

Манзума Фирӯз, Аваз Юлдошев, Asis-Plus

Бар асари садамаи нақлиёт, ки шоми 24 апрел дар қаламрави ноҳияи Дӯстӣ рух дод, 12 нафар осеб дида, 2 нафарашон дар беморхона ҳалок шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавққулодаи ҷумҳурӣ, дар ин садама як мошини тамғаи “Хундай-Старекс” ташти идораи сокини 32-солаи ноҳияи Рӯдакӣ  ба девори бетонии ҳошияи роҳ бархӯрда, чаппа шудааст ва ҳамзамон оташ гирифтааст.

“Ин мошин аз шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Қубодиён  равона буда, дар деҳаи Донашикани ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ дучори садама шуд. Мусофирони ин мошин ҷавонони 17-19-сола ва ҷумлагӣ сокинони шаҳри Душанбе будаанд”, – омадааст дар маълумоти Кумита. – Ду нафар дар бемористон бар асари ҷароҳати вазнин ба ҳалокат расидаанд”.

Дар ҳамин ҳол, дар хабари Кумита дар бораи бо кадом мақсад ба ноҳияи Қубодиён сафар доштани мусофирон маълумот дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, вазири тандурустии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстӣ бо вазъи саломатии ин 10 нафари аз садама осебдида, ки дар Беморхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ бистарӣ гардидаанд, шинос шуд.

Тавре дафтари матбуоти Вазорат хабар медиҳад, аснои шиносоӣ бо вазъи саломатии захмишудагон, ҳамзамон Ҷамолиддин Абдуллозода  бо наздикону пайвандони онҳо суҳбат намуда, иброз дошт, ки Вазорат барои табобати захмишудагон тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона хоҳад сохт.

Тавре иттилоъ дода шуд, айни замон вазъи сиҳатии ҷароҳатбардоштагони садамаи нақлиётии мазкур муътадил мебошад.

Инчунин зикр мегардад, ки табобати захмишудагон пурра ройгон ба роҳ монда шуда, рафти табобати онҳо  зери назорати бевоситаи вазири тандурустии ҷумҳурӣ қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...