Сокини Файзобод барои куштори ҳамсари собиқаш 28 сол зиндонӣ шуд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сокини ноҳияи Файзобод А.Зоировро, ки қаблан барои дуздӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст,  Суди олии Тоҷикистон ба 28 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ӯ дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 104 (Одамкушӣ) ва 249 (Роҳзанӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор эътироф карда шудааст.

“Маҳкумшуда 12 декабри соли гузашта бо мақсади куштор ва азхуд намудани амволи собиқ ҳамсараш ӯро гӯё барои сайру гашт намудан ба талу теппаҳои шаҳраки Файзобод даъват намуда, ба ҷойи беодам ба лаби ҷарӣ мебарад ва ногаҳон ба номбурда ҳамла карда, ӯро аз баландии 6 метр бо поён тела додааст”, – омадааст дар маълумоти Проккуратураи генералӣ.

Гуфта мешавад, сипас Зоиров бо руймоли сари зан гулӯи ӯро буғӣ ва аз ҳаёт маҳрум намуда, маблағи 5010 сомонӣ, ангуштарини тиллоӣ бо арзиши 400 сомонӣ ва телефони мобилиашро бо арзиши 150 сомонӣ тасарруф мекунад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар анҷом мард ҷасади занро зери хок намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар бораи сабаби розӣ шудани зан ба сайругашт бо собиқ ҳамсараш бо маблағи пулии калон дар киса маълумот дода намешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.