Сокини Файзобод барои куштори ҳамсари собиқаш 28 сол зиндонӣ шуд

Сокини ноҳияи Файзобод А.Зоировро, ки қаблан барои дуздӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст,  Суди олии Тоҷикистон ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ӯ дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 104 (Одамкушӣ) ва 249 (Роҳзанӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор эътироф карда шудааст. “Маҳкумшуда 12 декабри соли гузашта бо мақсади […]

Сокини ноҳияи Файзобод А.Зоировро, ки қаблан барои дуздӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст,  Суди олии Тоҷикистон ба 28 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ӯ дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 104 (Одамкушӣ) ва 249 (Роҳзанӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор эътироф карда шудааст.

“Маҳкумшуда 12 декабри соли гузашта бо мақсади куштор ва азхуд намудани амволи собиқ ҳамсараш ӯро гӯё барои сайру гашт намудан ба талу теппаҳои шаҳраки Файзобод даъват намуда, ба ҷойи беодам ба лаби ҷарӣ мебарад ва ногаҳон ба номбурда ҳамла карда, ӯро аз баландии 6 метр бо поён тела додааст”, – омадааст дар маълумоти Проккуратураи генералӣ.

Гуфта мешавад, сипас Зоиров бо руймоли сари зан гулӯи ӯро буғӣ ва аз ҳаёт маҳрум намуда, маблағи 5010 сомонӣ, ангуштарини тиллоӣ бо арзиши 400 сомонӣ ва телефони мобилиашро бо арзиши 150 сомонӣ тасарруф мекунад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар анҷом мард ҷасади занро зери хок намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар бораи сабаби розӣ шудани зан ба сайругашт бо собиқ ҳамсараш бо маблағи пулии калон дар киса маълумот дода намешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.