ВКХ Қирғизистон ба сафири Тоҷикистон нота супурд

Asia-Plus

Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Назирмад Ализода рӯзи 26 апрел ба Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон даъват шуд.

Ба ӯ нотаи расмии ВКХ Қирғизистон супурда шуд, ки дар он аз амали ғайриқонунии мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон, ки 24 апрел ду шаҳрванди Қирғизистон – сокинони ду сокини ноҳияи Лайлаки вилояти Бодкандро рабудаанд, амиқан изҳори нигаронӣ шудааст, хабар медиҳад 24.kg.

Муовини вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Нурлан Ниёзов ғайриқобили қабул будани чунин амалҳоро, ки ба шиддати вазъият дар минтақаҳои наздисарҳадӣ боис шуда метавонанд, зикр кардааст

Ҷониби Қирғизистон аз Тоҷикистон даъват намудааст, ки дар мавриди ошкор кардани ҳолатҳои ин ҳодиса ва ҷалби шахсони гунаҳкор чораҳои таъҷилӣ андешида, ҷониби Қирғизистон аз натиҷаҳои он огоҳ кунад.

Нурлан Ниёзов таъкид доштааст, ки ҷониби Қирғизистон мисли пешин дар ҳамдастӣ бо Тоҷикистон омода аст, ки бо талошҳои муштарак ба таъмини сулҳу амният дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ноил гардида, шароите муҳайё созад, ки рушди кишварҳо дар вазъи сулҳу субот, ҳамсоягии нек, ки дар заминаи муносибатҳои чандинасраи таърихӣ, умумияти фарҳангиву маънавии ду халқи бародари тоҷику қирғиз ташаккул ёфтаанд, сурат гирад.

Тавре радиои Азаттык хабар медиҳад, шаби 24 апрел дар ноҳияи Лайлак ду ҷавони 21 ва 19-сола бедарак шуданд. Маълум шудааст, ки дар наздикии марз бо Тоҷикистон сокинони маҳаллӣ коргоҳи дӯзандагӣ месохтаанд. Шоми 23 апрел барои посбонии масолеҳи сохтмон ҷавонон ба макони сохтмон рафта, дар хайма шабро рӯз карданӣ мешаванд. Лекин субҳ ба хонаашон барнагаштаанд.

Ба гумони сокинони маҳаллӣ, шояд ҷавонон барои ин сохтмон рабуда шуда бошанд. Тибқи маълумоти РКД вилояти Ботканд, ин ҳодиса дар деҳаи Эски-Оочуи ҳавзаи деҳоти Бешкент, ки бо ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ҳаммарз аст, рух додааст.

Бино ба маълумоти радио, ҷавонон 24 апрел дар Тоҷикистон дарёфт шудаанд. Пас аз гуфтушуниди марзбонони ду ҷониб онҳо раҳо шудаанд, хабар додаанд ба «Азаттык» дар ҳукумати вилояти Ботканд. Вазъи онҳо хуб арзёбӣ шуда, айни замон сабаҳои боздошти онҳо таҳқиқ мешавад.

Гуфта мешавад, ҳамроҳи онҳо боз 6 шаҳрванди Қирғизистон низ раҳо шудаанд, ки аз ҷониби Тоҷикистон гӯё барои ғайриқонунӣ гузаштани сарҳад боздошт шудаанд.

Тоҷикистон то ҳол расман ин масъаларо шарҳ надодааст. Ба мо муяссар нашуд, ки бо Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ тамос гирем.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...