Эмомалӣ Раҳмону Бердимуҳаммадов мувофиқа кардаанд, ки вазирони хориҷаи ду кишвар мулоқот кунанд

Asia-Plus

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Туркманистон таъзия ва тассалиёти амиқи худро дар робита ба талафоти гарон – фавти падараш изҳор намудааст.

“Дар ин рӯзҳои ғамангез ба Шумо ва пайвандону наздиконатон матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил мехоҳам”, – таъкид дошт Пешвои миллат.

Гуфта мешавад, ҳамчунин ҷонибҳо атрофи ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон мубодилаи афкор анҷом доданд.

“Дар ин зимн, сарони кишварҳо ба мувофиқа расиданд, ки ояндаи наздик мулоқоти машваратии вазирони корҳои хориҷӣ, инчунин ҷаласаи навбатии комиссияи муштаракаи байниҳукуматиро оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо мақсади баррасии ҳамаи ҷанбаҳои ҳамкориҳои дуҷониба баргузор намоянд”, – зикр мешавад дар хабари хадамоти матбуоти президент.

Мяликгулӣ Бердимуҳамедов, падари президенти Туркманистон 18 апрел дар синни 89-солагӣ аз олам даргузашт. 19 апрел Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита ба Гурбонгулӣ Бердимуҳаамедов барқияи тасаллият ирсол намуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.