Мулоқоти раисони вилоятҳои Суғду Бодканд: аз пешгирии сохтмонҳо то умедвории боз шудани рафтуомад

Asia-Plus

Раисони вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон бар пайи афзоиши танишҳои ахири марзӣ мулоқот кардаанд. Ин мулоқот имрӯз, 28 апрел дар минтақаи нейтралии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон доир шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд ҷонибҳо муаммоҳои дар марз ба вуҷуд омадаи се моҳи ахирро баррасӣ кардаанд. Аз қумла гуфта мешавад, ки барои ба ҳолати аввала бозгардонии робитаҳои минтақаҳои наздисарҳадӣ ҳар ду тарафи омодагии худро изҳор кардаанд ва интизор меравад, ки равуо ва доду гирифти молу коло чун солҳои пеш ба роҳ монда шавад.

Баргузории ин мулоқот дар ҳолест, ки Тоҷикистону Қирғизистон бар пайи ҳодисаҳои рабудан шудани шаҳрвандони ду тараф аз сӯйи мақомоти марзбонӣ сафирони якдигарро дар кишварҳои худ эҳзор кардаву ба дасташон нотаи эътирозӣ супурдаанд.

"Ҷонибҳо масъалаҳои мубрам, аз ҷумла пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар сарҳад, ҳалли саривақтии обёрии заминҳо, бе дахолати мақомоти қудратӣ ва дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ ҳал намудани муаммоҳои ба миён омада ва амсоли инро баррасӣ карда, ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд масъалаҳо ҳар ҳафта дар сатҳи роҳбарони ноҳияҳо ва моҳе ду маротиба дар сатҳи раисони вилоятҳо баррасӣ карда шавад"- хабар додааст манбаъ.

Ҳамчунин дар ин мулоқот таъкид шудааст, ки тоҷикону қирғизҳо давоми асрҳо дар ҳамсоягии ҳам зиста, бо риояи анъанаҳои неки ҳамзистии осоишта дар рӯзҳои шодиву сурур ва сӯзу мотам дар паҳлуи якдигар буданд, зеро ҳамсояро интихоб намекунанд.

Дар ин дидор масъалаи обёрии заминҳо ҳам ба баҳс кашида шудааст, ки ахиран чанд таниши марзӣ бар сари об дар деҳаи Хоҷаи Аъло Исфара ва Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сар зад. Қирғизистон дар ин авохир изҳорот дод, ки дар саргаҳи дарёчаи Хоҷабоқирғон се обанбор месозад. Тоҷикистон мегӯяд, ки бунёди обанборҳо бояд бо Тоҷикистон мувофиқа шавад. 

Аз оби ин дарё бархе аз заминҳои кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва оби нӯшокии шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстони вилояти Суғд таъмин мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.