Низомиёни қирғиз пули деҳаи Чорқишлоқро тахриб кардаанд, дар Ворух ҳам тирпаронӣ оғоз шудааст

Date:

Низомиёни қирғиз пули деҳаи Чорқишлоқ дар масири Исфара-Чоркӯҳ-Хоҷаи Аъло-Ворухро тахриб кардаанд. Хабарнигори "Asia-Plus" аз ҷойи ҳодиса хабар медиҳад, ки пул комилан тахриб нашудааст, вале роҳи нақлиёт баста аст. 

Ҳоло роҳ ба самти Чоркуҳ танҳо  танҳо тариқи роҳи "Зумрад" имконпазир аст, иброз дошт ӯ.  Хабарнигори мо мегӯяд, ки дар деҳаҳои Чорбоғ ва Сурх аз ду самт тирпарониҳо шунида мешавад. Мардуми деҳаҳои Сурх, Чорбоғ, Хоҷаи Аъло, Чоркуҳ ва Ворух аз вазъияти рухдода хеле нигаронанд. 

Гуфта мешавад, ки аз ҷониби Қирғизистон аз доманакӯҳҳо ба миёнаҷойи деҳаҳои аҳолинишин тир холӣ карда мешавад. 

“Дар Ворух ҳам тирпаррониҳо оғоз шудааст. Яку якбора дар чандин мавзеъҳои марзӣ тирпарониҳо сурат гирифта истодааст. Тарафҳо бо автомат, нориҷакандоз ва миномиёт тир мепаронанд",- хабар доданд ба "Азия-Плюс" аз маъмурияти ҷамоати Ворух

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...