Ду сокини Чоркӯҳро ба хок супурданд: омори охирини қурбониёну захмиҳои ду ҷониб

Asia-Plus

Дар маҳаллаи Сариҷари ҷамоати Чоркуҳи Исфара зуҳри имрӯз, баъд аз намози ҷумъа ду нафар сокини мулкии ин ҷамоатро ба хок супурданд, ки бар асари даргириҳои марзии дирӯз аз сӯйи низомиёни қирғиз кушта шудаанд. Аз ин ду ҷавон кушташуда Ҳикматулло Маҳкамов ва Иброҳимҷон Ҳошимов ном бурда мешавад, ки ҳар ду 26 сол доштаанд. 

Хабарнигори "Азия-Плюс" аз макони ҳодиса хабар медиҳад, ки намози ҷанозаи ин ду ҷавон бо издиҳоми зиёди мардум хонда шуд. Хабарнигори мо мегӯяд, ки то кунун дар бораи шумораи дақиқи захмиёну кушташудаҳо мақомҳои маҳаллӣ омори дақиқе намедиҳанд.

Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар мавриди шумораи дақиқи қурбониёну захмиён ҳанӯз ба таври расмӣ чизе нагуфтааст. Субҳи имрӯз ба "Азия-Плюс" як манба дар шаҳрдории Исфара шумораи қурбониёнро 10 нафар гуфт.

Аммо Радиои "Озодӣ" бо такя ба манобеи гуногун дастикам аз шахсияти 8 шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистонро мушаххас кардааст:

Салоҳиддин Гадоеваи 28-сола, майор фармондеҳи яке аз дидбонгоҳҳо;

Бахтовар Маҳмудов, ҷавони сокини деҳаи Наймани ҷамоати Сурхи Исфара;

Умедҷон Юсуфов, сокини 32-солаи ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;

Нерӯз Ғафуров, сокини 28-солаи деҳаи Даҳбеди ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода;

Ҳикматулло Маҳкамов ва Иброҳим Ҳошимзода, ҳар ду сокини 26-солаи ҷамоати Чоркуҳ;

Шералӣ Раҳматзода ва Сафар Набиев, сарбоз;

Ҷониби Қирғизистон омори қурбониён ва захмиҳои ҷониби худро ҳар соат ба таври расмӣ нашр мекунад ва тибқи иттилои охирин дар ин даргириҳои марзӣ 134 нафар аз захмӣ ва 13 нафар ҷон бохтаанд.

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.