ВКХ Русия: Маскав бо нигаронӣ вазъи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро пайгирӣ мекард

Маскав бо нигаронӣ аз вазъи шиддатнок дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон пайгирӣ мекард, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия. “Мутаассифона, бар асари задухӯрди мусаллаҳона талафоти ҷонӣ ҳаст. Шумори зиёди осебдидагон аз ҳар ду ҷониб. Айни замон вазъият ба эътидол омада, лекин шиддатнок боқӣ мемонад. Ба хешовандони фавтидагон изҳори тасаллият намуда, ба осебдидагон ҳарчи зудтар […]

Маскав бо нигаронӣ аз вазъи шиддатнок дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон пайгирӣ мекард, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия.

“Мутаассифона, бар асари задухӯрди мусаллаҳона талафоти ҷонӣ ҳаст. Шумори зиёди осебдидагон аз ҳар ду ҷониб. Айни замон вазъият ба эътидол омада, лекин шиддатнок боқӣ мемонад. Ба хешовандони фавтидагон изҳори тасаллият намуда, ба осебдидагон ҳарчи зудтар шифои комил хоҳонем”, – зикр мешавад дар изҳороти ВКХ Русия.

Гуфта мешавад, Русия аз тавофуқи ҳосилшуда шаби 30 апрел байни тарафҳо оид ба қатъи задухӯрди мусаллаҳона ва оғози гуфтушунидҳо, канор бурдани неру ва техникаи ҳарбӣ истиқбол мекунад.

“Аз ҷонибҳо даъват мекунем, ки тариқи гуфтушуниди минбаъда дар рӯҳияи иттифоқчигиву нияти неки ҳамҷаворӣ ба қарордоди устувор ва дарозмуҳлат ноил гарданд, то ки ҷиҳати эътидоли вазъ имкон диҳад ва инчунин барои минбаъд роҳ надодан ба такрор шудани чунин ҳодисаҳо чораҷӯйӣ шавад. Дар ин робита, аз тасмими Бишкек ва Душанбе дар бораи таъсиси Гурӯҳи муштараки корӣ, ки вазифааш аз иттилоотрасонӣ ба аҳолӣ, инчунин посбониву пайгирии ҷараёни вазъият дар минтақаи назди сарҳадӣ иборат аст, дастгирӣ мекунем”, – омадааст дар изҳорот.

Зикр мегардад, ки Русия ба мусоидати ҳамаҷониба ҷиҳати ҳалли ҳама гуна масоили баҳсӣ тариқи воситаҳои сиёсиву дипломатӣ, тарзу усули шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ бо Тоҷикистону Қирғизистон изҳори омодагӣ мекунад.

Қаблан СММ, Иттиҳоди Аврупо, Қазоқистону Ӯзбекистон ва Чин аз вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон изҳори нигаронӣ намуда, аз ҷонибҳо даъват намуданд, ки мушкилоти пайдошуда бо роҳи мусолиматомез ҳал карда шаванд.

Аз чӣ гуна айни замон ҷараён доштани вазъ дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон аз нашри зиндаи мо маълумоти бештар пайдо карда метавонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".