Вокуниши Эрон ба даргириҳои Тоҷикистону Қирғизистон: омодаем барои пешбурди музокирот мусоидат кунем

Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфтааст, омода аст барои пешбурди музокироти Тоҷикистону Қирғизистон мусоидат кунад.  Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон Сайид Хатибзода гуфтааст, ки Ҷумуҳурии Исломӣ омодагии худро барои пешбурди музокироти Тоҷикистону Қирғизистон ва ҳамчунин пешниҳоди таҷрибаи ҳуқуқӣ ва фаннӣ дар ин заминаро эълон медорад.  Хабаргузории расмии давлатии “Ирно”-и Эрон ба нақли қавл аз Сайид Хатибзода дар вокуниш ба […]

Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфтааст, омода аст барои пешбурди музокироти Тоҷикистону Қирғизистон мусоидат кунад. 

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон Сайид Хатибзода гуфтааст, ки Ҷумуҳурии Исломӣ омодагии худро барои пешбурди музокироти Тоҷикистону Қирғизистон ва ҳамчунин пешниҳоди таҷрибаи ҳуқуқӣ ва фаннӣ дар ин заминаро эълон медорад. 

Хабаргузории расмии давлатии “Ирно”-и Эрон ба нақли қавл аз Сайид Хатибзода дар вокуниш ба даргириҳои марзии Тоҷикистону Қирғизитон чунин хабар додааст

”Ҷумҳурии Исломи Эрон ахбори даргириҳои ахир дар маноқтиқи марзии муштараки ду кишвари дӯст ва бародари Тоҷикистону Қирғизистонро, ки мунҷар ба кушта ва захми шудани теъдоде аз шаҳрвандони ду тараф шудааст, бо нигаронӣ думбол мекунад”. 

Хатибзода гуфтааст, мо зимни тақдир аз тадобири оҷили сарони ду кишвар, ки мунҷар ба тавқифи ин даргириҳо шудааст, итминон дорем идомаи музокироти ду кишвар дар ниҳоят ба ҳаллу фасли мусолиматомези ҳар гуна ихтилофи марзӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".