Мирзиёев бо Раҳмону Ҷабборов даргириҳои марзро баррасӣ кардааст

Asia-Plus

Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Эмомалӣ Раҳмон  президенти Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон бар сари даргириҳои ахири марзӣ гуфтугӯи телефонӣ анҷом додааст. Дар ин бора торнамои расмии Президенти Ӯзбекистон хабар медиҳад. 

Дар хабарномаи дафтари матбуоти президенти кишвари ҳамсоя гуфта шудааст, ки сарони давлатҳо  вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд. Президенти Узбекистон аз созишномаҳои ҳосилшудаи ҷонибҳои тоҷику қирғизро, ки ба  ҳалли ҳарчи зудтари вазъи кунунӣ ва пешгирии авҷгирии он равона шудаанд, дастгирӣ пуштибонӣ кардааст.

Аҳамияти ҳалли ҳама масъалаҳои мавҷуда танҳо тавассути гуфтушуниду машваратҳо дар руҳияи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикӣ таъкид карда шуд.

Шавкат Мирзиёев бо Содир Ҷабборов низ вазъи марзро баррасӣ кардаву роҳҳои ҳарчи зудтари ҳалли вазъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистонро арзёбӣ кардаанд

Дар ин суҳбат Мирзиёеву Ҷабборов низ бар  ҳалли ҳама масъалаҳои баҳсталаби пайдошуда бар асоси муколама дар рӯҳияи муносибатҳои дӯстии чандинасра, ҳамсоягии нек, эътимод ва шарикӣ таъкид кардаанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.