Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Қазоқистон ҳам вазъи марз бо Қирғизситонро баррасӣ кард

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев вазъи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд. Дар ин бораи торнамои раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Дар ин суҳбат Эмомалӣ Раҳмон  дар мавриди мувофиқаҳои ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки ба ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъ дар сарҳади ду кишвар нигаронда шудаанд, итиллоъ додааст. 

Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки ҷонибҳо рӯйи муҳиммияти хоссаи дарёфти роҳҳои ҳалли ҳамаи мушкилоти мавҷуда тавассути музокирот ва муколамаи созанда таъкид кардаанд.

Имрӯз ҳамчунин дар ҷараёни гуфтугӯи дуюми телефонӣ дар як рӯз, сарони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қирғизистон Содир Ҷапаров дар бораи пешрафти иҷрои созишномаҳои байни тарафҳо ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон сӯҳбат карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти кишвар.

"Дар рафти суҳбат ҷараёни амалӣ гардонидани мувофиқаҳои байни ҷонибҳо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон бадастомадаро  мавриди баррасӣ қарор доданд",- гуфта мешавад дар хабар.

Ба иттилои манбаъ ба масъалаҳои риояи оташбаси комил ва баргардонидани нерӯҳои низомӣ ба маконҳои домии онҳо  таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда шуд. 

Гуфта мешавад, ки президентҳо, дар бораи кори муштараки гурӯҳҳои кории ҷонибҳо ва оғози ҷаласаи Комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба  делимитсия ва демаркатсия сухан гуфтанд.

Аввалин гуфтугӯи телефонии сарони ду кишвар дар робита ба низоъҳои марзӣ дирӯз, 30 апрел баргузор шуд.  Сипас сарони давлатҳо чораҳои зуд паст кардани шиддати вазъ дар қитъаи қирғизу тоҷикро дар сарҳади давлатӣ муҳокима карданд.

Read more: https://asiaplus.news/tj/news/tajikistan/security/20210501/zangi-duvvum-dar-zarfi-24-soat-emomal-ramon-va-sodir-aparov-munoishai-marziro-dubora-barras-kardand

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.