Занги дуввум дар зарфи 24 соат: Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷапаров муноқишаи марзиро дубора баррасӣ карданд

Имрӯз, 1 май, дар ҷараёни гуфтугӯи дуюми телефонӣ дар як рӯз, сарони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қирғизистон Содир Ҷапаров дар бораи пешрафти иҷрои созишномаҳои байни тарафҳо ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон сӯҳбат карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти кишвар. "Дар рафти суҳбат ҷараёни амалӣ гардонидани мувофиқаҳои байни ҷонибҳо ҷиҳати ба […]

Имрӯз, 1 май, дар ҷараёни гуфтугӯи дуюми телефонӣ дар як рӯз, сарони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қирғизистон Содир Ҷапаров дар бораи пешрафти иҷрои созишномаҳои байни тарафҳо ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон сӯҳбат карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти кишвар.

"Дар рафти суҳбат ҷараёни амалӣ гардонидани мувофиқаҳои байни ҷонибҳо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон бадастомадаро  мавриди баррасӣ қарор доданд",- гуфта мешавад дар хабар.

Ба иттилои манбаъ ба масъалаҳои риояи оташбаси комил ва баргардонидани нерӯҳои низомӣ ба маконҳои домии онҳо  таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда шуд. 

Гуфта мешавад, ки президентҳо, дар бораи кори муштараки гурӯҳҳои кории ҷонибҳо ва оғози ҷаласаи Комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба  делимитсия ва демаркатсия сухан гуфтанд.

Аввалин гуфтугӯи телефонии сарони ду кишвар дар робита ба низоъҳои марзӣ дирӯз, 30 апрел баргузор шуд.  Сипас сарони давлатҳо чораҳои зуд паст кардани шиддати вазъ дар қитъаи қирғизу тоҷикро дар сарҳади давлатӣ муҳокима карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".