Хадамоти матбуот: Эмомалӣ Раҳмон ҳаводиси марзро аз утоқи корӣ назорат мекунанд

Сухангӯйи раисҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки сарфи назар аз рӯзи истироҳат Эмомалӣ Раҳмон дар утоқи корӣ ҳузур доранд ва ҳаводис дар марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистонро назорат мекунад. Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯйи раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯянд, ки “имрӯз, шанбе дар утоқи корӣ будани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз вазъияти марзҳо як чизи муқаррарӣ […]

Сухангӯйи раисҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки сарфи назар аз рӯзи истироҳат Эмомалӣ Раҳмон дар утоқи корӣ ҳузур доранд ва ҳаводис дар марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистонро назорат мекунад.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯйи раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯянд, ки “имрӯз, шанбе дар утоқи корӣ будани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз вазъияти марзҳо як чизи муқаррарӣ аст. Дар рузҳои корӣ бошад аз соати 7.00 субҳ то бевақтиҳои шаб ва ҳатто дар бисёрии мавридҳо рузҳои якшанбе ҳам аз саҳар то шом Ҷаноби Олӣ дар ҷойи корӣ ҳастанд. Ман аслан ёд надорам, ки Президенти Тоҷикистон рузи истироҳатӣ ва ё рухсатии меҳнатӣ дошта бошанд”.

Манбаъ мегӯяд, ки имруз ба ғайр аз корҳои муқаррарии ҳамешагӣ президент як силсила суҳбатҳои телефонӣ бо сарони кишварҳои ҳамсоя доир ба вазъияти марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон низ доштанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".