Изҳороти Ятимов: “ба мувофиқа расидем, фоҷиа набояд такрор шавад”

Саймумин Ятимов раиси КДАМ Тоҷикистон, имрӯз баъд аз анҷоми вохурӣ ва музокирот бо ҳайати ҷониби Қирғизистон изҳор дошт, ки онҳо ҷиҳати қатъи тирпаронӣ ва таъмини сулҳу оромӣ дар марз ба мувофиқа расиданд. “Имрӯз дар натиҷаи музокирот, мо ба тавофуқоти усулӣ барои таъмини сулҳу оромӣ дар қаламрави Қирғизистону Тоҷикистон расидем. Ман бовар дорам, ки мо метавонем […]

Саймумин Ятимов раиси КДАМ Тоҷикистон, имрӯз баъд аз анҷоми вохурӣ ва музокирот бо ҳайати ҷониби Қирғизистон изҳор дошт, ки онҳо ҷиҳати қатъи тирпаронӣ ва таъмини сулҳу оромӣ дар марз ба мувофиқа расиданд.

“Имрӯз дар натиҷаи музокирот, мо ба тавофуқоти усулӣ барои таъмини сулҳу оромӣ дар қаламрави Қирғизистону Тоҷикистон расидем. Ман бовар дорам, ки мо метавонем дар наздиктарин фурсат тамоми мушкилотро ҳал кунем, то ки мардумони мо чун ҳамеша дар фазои дӯстиву якдигарфаҳмӣ зиндагӣ кунанд”, –  гуфт Ятимов

 Ӯ гуфт, “фоҷеае ки дар ноҳияҳои наздимарзӣ рух дод, ҳеҷ гоҳ набояд тарор шавад, зеро дар ин минтақа сокинони осоиштаи ду кишвар зиндагӣ мекунанд”.

Ятимов музокироти имрӯзро хеле натиҷадор унвон кард 

Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон ҳам баъди ин музокирот гуфт, ки мо протоколи иборат аз чор бандеро имзо кардем, ки  ба манфиати ҳар ду кишвар аст.

“Имрӯз мардумони мо рӯзҳои сахтеро мегузаронанд, даврони буҳрониро. Дар мо фоҷиа рух дод, фоҷиаи ду кишвар. Барои мо бисёр душвор буд, ки дар ин рӯзҳо мулоқот кунему корро пеш барем,  вале бо вуҷуди ин ҳама бо дастури сарони кишварҳоямон мо  ин нишастро гузаронидем. Дар натиҷа тавофуқ кардем, ки  даргириҳои мусаллаҳона комилан қатъ мешавад ва неруҳоро аз марз берун мекашем".

Ба ҷуз ин, сар аз имрӯз бо талошҳои ҳамсояҳои муҳтарам ва мо, Худо кунад, ки сулҳу суботи комил  дар кишварҳои мо биояд, хусусан дар манотиқи марзӣ. Мо хеле умедворем, ки тасмимҳои гирифтаи мо, ки дар протокол зикр шудаанд, иҷро мешаванд,-гуфт Тошиев. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".