Фейк | Туркия омода аст, ба Қирғизистон бесарнишинҳои низомии «Bayraktar TB2» ва РСЗО диҳад

Пойгоҳи далелсанҷии factcheck.tj хабари кумакии низомии Туркияро ба Қирғизистон тафтиш карда фейк эълон кардааст. Чӣ санҷида шуд? 1-уми майи соли равон хабаргузории русии Avia.pro хабареро таҳти унвони «Туркия омода аст, ба Қирғизистон паҳпод (бесарнишинҳои низомӣ)-и «Bayraktar TB2» ва РСЗО диҳад» нашр кард (бойгонӣ). Дар хабар гуфта мешавад, ки гӯиё Анқара ҳозир аст, ба Қирғизистон дар мубориза бо Тоҷикистон ҳама […]

Ҷаҳонгир Мирсалимов, factcheck.tj

Пойгоҳи далелсанҷии factcheck.tj хабари кумакии низомии Туркияро ба Қирғизистон тафтиш карда фейк эълон кардааст.

Чӣ санҷида шуд?

1-уми майи соли равон хабаргузории русии Avia.pro хабареро таҳти унвони «Туркия омода аст, ба Қирғизистон паҳпод (бесарнишинҳои низомӣ)-и «Bayraktar TB2» ва РСЗО диҳад» нашр кард (бойгонӣ). Дар хабар гуфта мешавад, ки гӯиё Анқара ҳозир аст, ба Қирғизистон дар мубориза бо Тоҷикистон ҳама гуна кӯмаки низомии заруриро расонад.

Чанде аз расонаҳои Русия бо такя ба хабаргузории Avia.Pro хабари мазкурро бидуни санҷиш нашру паҳн карда (бойгонӣ), дар ин бора бонг мезананд. Ин хабар дар расонаҳои Қирғизистон ва фазои интернетӣ баҳсу баррасиҳоеро ба миён овард, ки боис ба санҷиши мо шуд.

Ҳукмнома: Фейк

Санҷиш маълум кард, ки ин хабар бофта буда, онро ягон сарчашмаи мӯътамад тасдиқ накардааст.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Аввалин нуктаи шубҳаноки мавод ин аст, ки дар он ба ягон манбаи дақиқ истинод оварда нашудааст. Ҳамаи он сомонаҳое, ки ин хабарро нашр кардаанд, бо як мазмун ва матни якхела ба хабаргузории Avia.Pro такя кардаанд.

Дар матлаб омадааст, ки хабаргузориҳои Туркия ин маводро бо ишора ба сарчашмаҳои низомие нашр кардаанд, ки аз онҳо ҳатто ном бурда намешавад. Аммо ҷустуҷӯи мо нишон дод, ки дар ягон расонаи хабарии Туркия чунин маълумот нашр нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, пойгоҳи далелсанҷии Қирғизистон – Factcheck.kg, низ хабари мазкурро «Фейк» унвон кардааст.

Пас маълум нест, ки ин маълумот аз ҷониби кӣ ва бо кадом мақсад нашр шудааст.

Хулоса

Хабари мазкур, ки паҳнкунандаи он сомонаи русии Avia.pro мебошад, ягон асоси воқеӣ надорад. Чун ин хабар бофтаи маҳз худи ҳамин сомона асту бас. Аз ин рӯ, санҷиши мо ҳукмномаи «Фейк» унвон мегирад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".