Афғонистон ҳам аз ҳаводиси марзии Тоҷикистону Қирғизистон нигаронӣ кард

Вазорати умури хориҷаи Афғонистон дар робита ба даргириҳои марзи миёни Қирғизистону Тоҷикистон бо нашри изҳороте нигаронӣ карда, идома онро барои ҳарду кишварҳо ва суботи минтақавӣ хатарзо гуфтааст. Дар ин эъломия аз ҷумла гуфта мешавад, ки "Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Афғонистон аз вуҷуи дагриҳои мусаллаҳона дар марзи муштараки миёни ду кишвари дӯст ва бародари Афғонистон, Ҷумҳурии […]

Вазорати умури хориҷаи Афғонистон дар робита ба даргириҳои марзи миёни Қирғизистону Тоҷикистон бо нашри изҳороте нигаронӣ карда, идома онро барои ҳарду кишварҳо ва суботи минтақавӣ хатарзо гуфтааст.

Дар ин эъломия аз ҷумла гуфта мешавад, ки "Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Афғонистон аз вуҷуи дагриҳои мусаллаҳона дар марзи муштараки миёни ду кишвари дӯст ва бародари Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷмуҳурии Тоҷикистон нигарон аст. Афғонистон идомаи танишҳо ва даргириҳои мусаллаҳонаро бар нафъи давлатҳо ва мардумони ду кишвар ва сулҳу суботи минтақаӣ надониста ва орзу мекунад, то ба мушкили пешомада аз тариқи музокирот ва ҷусуҷӯи роҳҳалҳои сиёсӣ ва сулҳомез хотима дода шавад". 

Ҳамчунин дар идомаи ин эъломия омадааст, ки Давлати Ҷумуҳурии Афғонистон маротиби таслият ва ҳамдардии хешро ба кишварҳои дӯсту бародари Тоҷикистону Қирғизистон ба хотири талафоти ношӣ аз ин даргириҳо иброз дошта, барои қурбониён биҳишти барин ва ба захмиён шифои оҷил истидъо мекунад".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".