Дурӯғҳо бо унсурҳои дасткорӣ дар робита ба муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон (аксҳо)

Пойгоҳи далелсанҷии factcheck.tj хабару аксҳои нашршудаи вобаста ба муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро санҷида фейкҳоро маълум кардааст.  Чӣ санҷида шуд? Дар пайи даргириҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва чанде аз хабаргузориҳо аксҳои гуногуне паҳн мешаванд, ки аслан ба муноқишаи марзии ин ду кишвар иртибот надоранд. Мо чанде аз ин тасвирҳоро мавриди санҷиш қарор […]

factcheck.tj

Пойгоҳи далелсанҷии factcheck.tj хабару аксҳои нашршудаи вобаста ба муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро санҷида фейкҳоро маълум кардааст. 

Чӣ санҷида шуд?

Дар пайи даргириҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва чанде аз хабаргузориҳо аксҳои гуногуне паҳн мешаванд, ки аслан ба муноқишаи марзии ин ду кишвар иртибот надоранд. Мо чанде аз ин тасвирҳоро мавриди санҷиш қарор дода, муайян кардем, чаро ин аксҳо ба муноқишаи ахири ин ду кишвар рабт надоранд.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Санҷиши 1: «Тоҷикистон дар марзи Қирғизистон аз чархболҳои низомии Русия истифода кард»

Хабаргузории Avia.pro (бойгонӣ) ва сомонаи «Первый Севастопольский телеканал»-и Русия (бойгонӣ) 30-уми апрел матлаберо таҳти унвони «Тоҷикистон дар марзи Қирғизистон аз чархболҳои низомии Русия истифода кард» ба нашр расонд. Дар мавод гуфта мешавад, ки гӯиё пас аз зарбаҳои низомиёни Қирғизистон бар зидди Тоҷикистон, низомиёни Тоҷикистон аз чархболҳои «тӯҳфакарда»-и Русия истифода кардааст. Инчунин, дар наворе, ки хабаргузории Avia.pro аз ҷойи муноқишаи марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон нашр намудааст, бинобар паст будани сифати навор тамғаи чархболро дақиқ кардан мушкил аст ва ин даъвои расонаҳои русиро зери суол мегузорад. Зеро, расман ин иддаоро ҷониби Тоҷикистон то ҳол тасдиқ накардааст ва дар шабакаҳо наворе низ вуҷуд надорад, ки тавассути чархбол оташкушоии ҷониби Тоҷикистонро тасдиқ кунад.

Дар ин росто, мо аксҳои он чархболҳоеро, ки дар ин ду сомонаи русӣ истифода шудаанд, мавриди санҷиш низ қарор додем. Чархболҳои дар расм тасвирёфта – яке Ми-24П («Крокодил»), ки ҳанӯз соли 2019 сомонаи Вазорати дифои Русия аз ҷараёни тамрини Округи ҳарбии марказӣ дар Сибир хабар додааст (бойгонӣ), дигаре Ка-52 «Аллигатор» мебошад, ки 12 августи соли 2012 (бойгонӣ) ҳангоми парвоз бахшида ба таҷлили 100-солагии нерӯҳои ҳавоии Русия дар вилояти Маскав намоиш дода шудааст (бойгонӣ).

Ҳукмнома: Дурӯғ бо унсурҳои дасткорӣ

Санҷиши мо нишон дод, ки ахбори расонаҳои Русия дар мавриди истифода шудани чархболҳои «тӯҳфакарда»-и Русия аз ҷониби низомиёни Тоҷикистон дар муноқишаҳои марзии 29-уми апрел бо Қирғизистон асоси воқеӣ надорад.

Санҷиши 2: «Тоҷикистон аз чархболи Ми-24 сӯи минтақаҳои Торт-Кочо ва Чир-Добои минтақаи Бодканд оташ кушод»

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ боз акси нақлиётҳои оташсӯхта чарх мезанад (бойгонӣ), ки гӯиё 29-уми апрели дар натиҷаи оташкушоии ҷониби Тоҷикистон тавассути чархболи Ми-24 сӯи минтақаҳои Торт-Кочо ва Чир-Добои ноҳияи Бодканд чанд нақлиёт оташ гирифта, хароб шудааст.

Вале бино ба иттилои хабаргузории Kaktus.media, шоми 4-уми июли соли 2018 дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд сӯхтор ба амал омадааст (бойгонӣ). Сӯхтор дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар деҳаи Жани-Жер рух дода, онро чаҳор бригада хомӯш кардаанд, ки яке аз ҷониби Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон ва се бригадаи дигар дар доираи созишномаи ҳамкории ду кишвар аз тарафи Тоҷикистон ҷалб карда шудаанд.

Ҳукмнома: Дурӯғ бо унсурҳои дасткорӣ

Аз ин ҷо метавон хулоса кард, ки нақлиётҳои оташгирифта ба ҳодисаҳои 29-уми апрели байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳеч алоқамандие надорад.

Санҷиши 2: Гулистон – оташгирии хонаҳо

Акси навбатӣ дар саҳифаи инстаграми «vorukh_news» бо навиштаҷоти «Тарафи Гулистон, кизил, Тоҷикистон алоб бозия нағз мебинад» нашр шудааст. Тавре дар акс дида мешавад, дар он маҳалли номаълуме сӯхта истодааст.

 

 

 

Агар ин аксро дар ҷустори Google ҷустуҷӯ намоем, дида метавонем, ки он дар якчанд манбаъҳои чинӣ истифода шудааст. Чун сурати аслӣ 15-уми феврали соли 2021 дар Интернет нашр гашта (бойгонӣ), бино ба гузоришҳо (бойгонӣ), сӯхтор дар деҳае воқеъ дар Вэндини музофоти Юннан дар ҷанубу ғарби Чин рух додааст (бойгонӣ).

Ҳукмнома: Дурӯғ

Дар натиҷаи санҷиш маълум гардид, ки акси мазкур ба муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон ҳеч иртибот надорад.

Санҷиши 3: Оташгирии манзили зист дар натиҷаи муноқишаҳои марзӣ

30-уми апрел дар шабакаи иҷтимоии Facebook боз як аксе пайдо шуд (бойгонӣ), дар он кормандони оташнишонии Қирғизистон оташи манзилеро хомӯш мекунанд. Аммо ҳодисаи мазкур гӯиё дар натиҷаи низоъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон рух додааст. Вале бар асоси иттилои расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қирзизистон, сӯхтори мазкур ҳанӯз 20-уми апрели соли 2021 дар котеҷи тобистона дар деҳаи Беш-Кунгейи ноҳияи Аламудини вилояти Чуй ба амал омадааст (бойгонӣ).

Ҳукмнома: Дурӯғ

Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки акси сӯхтори мазкур ба ҳодисаҳои ахири байни Қирғизистону Тоҷикистон рабт надорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".